Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти СOVID-19 ошкор шудааст. Оҷонсии давлатии "Ховар" шоми рӯзи 22-уми июн ба истинод ба Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар дар ду рӯзи гузашта, 21-уми июн 17 нафар ва 22-уми июн 15 нафар ба бемории СOVID-19 гирифтор шудани сокинон сабт шудааст. Коршиносон тахмин мезананд, ки омори воқеии гирифторони короновирус дар кишвар метавонад аз ин бештар бошад.
Баъд аз эълони мақомот дар бораи хуруҷи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон, беморхонаҳои калони Душанбе ба қабули сироятёфтагон омода мешаванд. Бархе пизишкон аз бадтар шудани вазъ ҳушдор дода мегӯянд, бисёриҳо дар Тоҷикистон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд.
Субҳи 22-юми июн назди Беморхонаи сироятии Душанбе серодам буд ва сокинон бо нигаронӣ аз вазъи хешовандонашон ба инҷо омадаанд. Пайвандони онҳо бо нишонаҳои сироят ба коронавирус ба инҷо оварда шуданд. Масъулини беморхона касеро ба дохил роҳ намедиҳанд.
Назар Шамсзода, сокини Душанбе мегӯяд, хоҳар ва язнаашро бо ҳарорати баланд ба беморхона овардааст. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи ахир хоҳараш ҳарорати баланд ва баъдан мушкили нафаскашӣ дошт. “Моро бароварданд ва духтурон ташхис мекунанд. Хоҳарам аз хориҷа омадагӣ набуд,”-гуфт, Назар Шамсзода.
Ҳоло дар Душанбе асосан Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон таҳти реҷаи карантин фаъолият дорад. Беморхонаи дигари шаҳр, Маркази тиббии рақами №1 маъруф ба “Якум советский” барои қабули гирифторони COVID-19 омода мешаванд. Соли гузашта дар авҷи пандемия дар Тоҷикистон, ин бемористони карантин шуда, гирифторони илтиҳоби шуш ва COVID-19 дар он табобат мегирифтанд.
Гузориши видеоиро инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулини ин беморхона ҳозир нашуданд расман бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, 300 кат омода аст. Феълан дар ин беморхона наздик ба 70 нафар бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш бистарӣ будаанд. Масъулини Маркази тиббии шаҳрии рақами №1 нагуфтанд, ки аз аввали моҳ чанд нафар аз илтиҳоби шуш фавтидааст. Танҳо он чизе, ки маълум аст, рӯзи 19-уми июн Қурбоналӣ Абдураҳимзода, муовини вазири фарҳанг аз илтиҳоби шуш дар шифохонаи “Якум Советский” даргузашта буд.
Феълан шахсони гирифтор ба COVID-19 ва илтиҳоби шуш дар Душанбе, асосан дар беморхонаи сироятӣ ва шифохонаи маъруф ба “Якум советский” бистарианд. Дар дигар беморхонаҳои Душанбе, ба монанди “Қарияи Боло” беморро танҳо ташхиси компютерӣ мекунанд. Дар сурати ошкор шудани нишонаҳои COVID-19 шахсро ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ ё Маркази тиббии рақами 1 мефиристанд. Рӯзи 22-юми июн масъулини беморхонаи “Қарияи боло” ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзона то 10 нафар гумонбарон ба COVID-19-ро аз ташхиси комютерӣ мегузаронанд.
Мақомоти Тоҷикистон шоми 21-уми июн расман эътироф карданд, ки ҳолатҳои нави сироятёбии сокинон ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус бо нашри ин хабар аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Бархе пизишкон аз он нигаронанд, ки бетаваҷҷуҳӣ сокинон метавонад, вазъиятро бадтар кунад.
Муқимҷон Фатҳуллоев, мудири шӯъбаи умумии маҷмааи тиббии “Истиқлол” мегӯяд, бештари сокинон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. “Дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, бозор ё тую ҷанозаҳо на ҳама ниқоб доранд. Чун ҳамеша гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Дар чунин ҳолат агар бо ягон нафар беморе, ки аз хориҷ омадааст наздик шаванд, мумкин аст сироят ёбанд. Онҳое, ҳам ки аз берун омадаанд, ҳадди ақал давоми ду ҳафта аз тамос бо наздикон бояд худдорӣ кунанд.”-, иброз дошт Фатҳуллоев.
Ба таъкиди пизишк, дар шароите, ки ҳанӯз пандемия ба охир нарасидааст, ҳар шахс бояд дар як рӯз 5-10 маротиба дастҳояшро шуста, бо маҳлулҳо безарар гардонад. Пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар маконҳои пуродам ҳам ба гуфтаи пизишк, аз қоидаҳои дигар аст, ки бояд ҳама риоя кунанд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки бештари сокинон ниқоб надоранд ва дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҳам фосила риоя намешавад. Танҳо дар беморхонаҳо ва он ҳам бо таъкиди пизишкон, сокинон ниқоб мепӯшанд.
Рӯзи 21-уми июн Ситоди муқобила бо COVID-19 ҳам бо пахши хабарномае гуфт, “аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад."