Мусаллаҳони гуруҳи Толибон гузаргоҳи асосии байни Тоҷикистон ва Афғонистонро дар марзи байни ду кишвар ишғол кардаанд. Фармондеҳии нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон мегӯяд, 134 низомии Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, паноҳҷӯён аз тарафи марзбонони Тоҷикистон пазиуфта шудаанд. Ҳамчунин омадааст, ки вазъ дар хатти марз пуршиддат буда, дар даргириҳо то 100 нафар аз ҳарбиёни Афғонистон кушта, маҷруҳ ва асир шудаанд.
Фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистон Дебора Лионс рӯзи 22 июн гуфт, Толибон аз оғози моҳи май ба ин сӯ аз 370 ноҳияи Афғонистон 50-торо зери назорат дароварданд ва ҳоло пойтахти вилояти шиомлии Кундузро ба муҳосира гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки 1 май барунрафти нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон шуруъ шудааст.
Гузаргоҳи Шерхон Бандар -- муҳимтарин гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба дасти Толибон гузашт ва ҳаракат дар марз қатъ гашт. Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки вазъ дар атрофи марз ором аст.
Расонаҳои мустақил дар Афғонистон иттилоъ доданд, ки субҳи сешанбе Толибон гузаргоҳи Шерхон Бандарро тасарруф карданд. Аз ҷумла "Khaama press" навишт, ки "субҳи имруз, сешанбеи 22-июн марзи байни Тоҷикистон дар вилояти Кундуз ба дасти Толибон суқут кардааст". Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Афғонистон то кунун хабари ба дасти Толибон афтодани ин бандари муҳимро тасдиқ ё рад накардаанд.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон -- ҳаммарз бо Шерхон Бандари вилояти Кундузи Афғонистон, рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "вазъият комилан ором аст ва ҳеҷ мушкиле нест".
Ӯ ҳамзамон хабарҳо дар мавриди ба ҷониби Тоҷикистон паноҳ овардани шуморе аз неруҳои амниятии Афғонистон пас аз ба дасти Толибон афтодани Шерхон Бандарро рад кард ва гуфт, ки "ин гапҳо нодуруст ҳастанд". Ин манбаи Радиои Озодӣ афзуд, "тибқи маълумоти онҳо, марз зери назорат аст ва вазъ комилан ором мебошад".
Аммо ҳануз маълум нест, ки рафтуомад тариқи ин гузаргоҳи муҳими марзӣ идома дорад ваё қатъ шудааст. Як корманди гузаргоҳи Панҷи поён дар посух ба суоли Радиои Озодӣ танҳо гуфт, ки "вазъ тинҷ аст" ва аз шарҳи бештар худдорӣ кард.
Ба иттилои расонаҳои афғонӣ, Толибони силоҳбадаст инчунин минтақаҳои дигари вилояти Кундузро иҳота кардаанд. Маркази ноҳияи Имом Соҳиб, ки Шерхон Бандар тобеи он мебошад, рузи гузашта ба контроли Толибон даромада буд.
Пулиси ин вилоят мегӯяд, 20-уми июн Толибон амалиёт дар Кундузро оғоз намуда, нисфирӯзии 21-уми июн маркази ин вилоятро иҳота карданд. Ба иттилои Иномуддин Раҳмонӣ - сухангӯйи пулиси Қундуз, Толибон роҳҳои пайвасткунандаи ин вилоят бо дигар манотиқи Афғонистонро зери тасарруф қарор додаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи тӯлонӣ ва душворгузар дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.
Тайи чанд рӯзи ахир вазъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон нооромтар шудааст ва чанд ноҳия дар вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Балх ба дасти Толибон афтодааст. Мақомот дар Кобул ҳамзамон аз бозпас гирифтани чанд ноҳия дар шимоли Афғонистон аз дасти Толибон хабар доданд.