Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Порлумони Тоҷикистон, ҷазоро барои озору азияти ҳайвонот, аз ҷумла ҷонварони бесоҳиб сахттар кард. Вакилон гуфтанд, ин кор бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифта, ҳадафаш ҳимоят аз ҷонварон аст. Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дӯстдорону ҳомиёни ҳайвонот мегӯянд, зиёд кардани ҷарима чораи ҳалкунанда нест.
«Аз лаклакҳо гуфтанд, вале аз паррондани сагҳо не»
Тағйире, ки рӯзи 16-уми июн ба Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дароварда шуд, барои "муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва паррандаҳо, аз ҷумла ҳайвоноти бесоҳиб ва тарғиби ин амалҳо" то 300 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Агар муносибати бераҳмона боиси марги ҷонвар шавад, гунаҳкор то 600 сомонӣ ҷарима месупорад.
То ин вақт қонун барои ин то 300 сомонӣ ҷаримаро дар назар дошт.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳриддин Зиёӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, дар шарҳи ин тағйир гуфт, сахттар кардани ҷазо барои хушунат нисбати ҳайвонот бо талаби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт, ки “масъалаи муносибати ҷиддӣ намудан нисбат ба ҳайвонотро ба миён гузоштаанд.”
Ҳангоми баррасии тарҳ, Ғайрат Азиззода, вакили дигари порлумон гуфт, дар вақти раиси ноҳияи Мастчоҳ буданаш, тавассути шикорчиҳо лаклакҳоро мепарронданд, то насосҳои обкашӣ зарар набинанд. Азиззода пурсид, ки бар асоси тағйири нав ба қонун, ин кор то куҷо дуруст хоҳад буд?
Муаллифони тарҳ ба ин суол посухи рӯшан надоданд, танҳо баъзе вакилон гуфтанд, дар чунин ҳолат нобуд кардани паррандаҳо дуруст аст. Вакилон мисол оварданд, ки ба хотири бехатарии парвозҳо дар фурудгоҳ низ паррандаҳоро нобуд мекунанд.
“Кӣ сагҳоро мепарронад?”
Вакилон ба мавзӯи нобуд кардани паррандаҳои зараррасон иктифо карданд ва аз садҳо саги бесоҳибе напурсиданд, ки ҳамасола дар Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.
Танҳо дар шаҳри Хуҷанд соли гузашта тақрибан 1,5 ҳазор саг “безарар карда шудааст.” Иқболхӯҷа Султонов, сармуҳандиси корхонаи комуналию санитарии шаҳри Хуҷанд пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “гуруҳи кории мо тибқи муроҷиати шаҳрвандон сагҳои кӯчагиро безарар мегардонанд”.
Соли 2017 хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Хоруғ сагҳои дайдуи зиёдро дид, ки дар ҳоли ҷонканӣ ва сакароти марг буданд. Бархе аз бошандагони Хоруғ гуфтанд, ки ба ин сагҳо ҳасиби заҳролуд додаанд.
Ин хабарҳо ҷомеаи шаҳрвандиро такон доданд, вале дар муқобили онҳо сокинон аз қатли сагҳо ҳимоят карданд.
Муҳаббат Шафиева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҳимояти ҷонварони бесоҳиб бо номи “Барои ҳаёт” ва аъзои гуруҳи кории тағйири ахири қонун аст. Вай мегӯяд, мақомот дар суҳбат ба онҳо куштани ҳайвонҳои бесоҳиб бахусус сагҳои дайдуро тасдиқ намекунанд. Вале пешниҳоде низ буд, ки барои куштан ва ё озори ҷонварон мебоист ҳукми зиндон низ ҷорӣ шавад.
“Аммо вакилони мо феълан омода нестанд, ки барои хушунат нисбати ҳайвонҳо ҷазои сахттар қабул кунанд. Мо корро дар ин самт идома медиҳем ва талош мекунем, ки як қонуни алоҳида дар ин бора қабул шавад,”- гуфт Муҳаббат Шафиева.
“Модар ба писараш мегӯяд, ки сагро зан”
Дар Тоҷикистон паноҳгоҳи давлатии ҷонварони бесоҳиб вуҷуд надорад. Ин корро фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом медиҳанд. Яке аз онҳо Ҳанифа Баратова аст, ки ба гуфтаи худаш 20 сол аст ба нигоҳбини ҷонварони бесоҳиб машғул аст. Вай асосан сагҳои маъюбро аз кӯча ҷамъ карда, ба манзилаш дар канораи Душанбе мебарад. Рӯзе, ки мо ба манзили Ҳанифа Баратова рафтем, онҷо шаш саги маъюб дар атрофаш буданд. Ҳар яке бо саргузашти талх. Якеро мошин задаасту, дигареро соҳибаш ба кӯча партофтааст ё кӯдакон бераҳмона задаанд. Баратова моҳона барои нигоҳбини сагҳои маъюб беш аз 10 ҳазор сомонӣ сарф мекунад. Ба ӯ асосан аз пойгоҳи 201-и Русия ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ёрӣ мекунанд.
Ҳанифа Баратова аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, солҳои охир муносибати ҷомеа ба ҷонварони бесоҳиб хашинтар шуд.
“Зиёд аст ҳолатҳое, ки мебинам занҳо ба фарзандонашон мегӯянд, зан-зан, ин саг аст, ҳаром аст. Дар ин хел ҳолат, албатта, ки аз тарафи наврасон нисбати ҳайвонҳо хушунат раво дида мешавад. Ин кор нодуруст аст, ба инҳо бояд паноҳгоҳ дод. Инҳо ҳам ҷон доранд ва дилам барояшон месӯзад,”- мегӯяд Баратова.
Ин ҳомии ҷонварон мегӯяд, роҳи ҳал ин аст, ки мақомот барои ҷонварони бесоҳиб паногоҳ созанд. Ҳанифа Баратова бовар дорад, ки шахсони хайрхоҳи зиёде омодаанд, дар ин кор ба мақомот ёрӣ расонанд.
Ҳоло маълум нест, ки сахттар шудани ҷазо барои азияти ҷонварони бесоҳиб чӣ беҳбудӣ меорад. Дар ҳар сурат, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф шудани мушкили мазкур аз сӯи мақомотро як қадами хуб медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Беш аз 700 сагро дар Хатлон оташ задаанд Дар Хуҷанд наздики 1,5 ҳазор саги бесоҳибро нобуд кардаанд. ВИДЕОЗиндагии нави саги хиёбонӣ дар Бритониё баъди шиканҷа дар Тоҷикистон. ВИДЕО