Эрониҳо президенти нав интихоб мекунанд

Тарафдорони Иброҳим Раисӣ, шахсе, ки бовар меравад шонси бештари пирӯзӣ дар интихоботро дорад, дар шаҳри Теҳрон раҳпаймоӣ мекунанд. Раисӣ яке аз он додрасҳое буд, ки соли 1988 дар натиҷаи муҳокимаҳои босуръат ҳазорҳо зиндонии сиёсиро ба марг маҳкум кард 

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ рӯзи 18 июн дар овоздиҳӣ иштирок кард

Як марди овоздода дар интихобот дар пасманзари масҷиде дар Теҳрон акс мегирад, ки рӯзи 18 июн  мизбони интихобот шуд 

Овоздиҳии Муҳсин Ризоӣ, яке аз довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ. Ин афсари баландпояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳамчун "номзади доимӣ" ёд мекунанд. Ӯ дар интихоботи соли 2009 1,7 ва соли 2013 - 10,5 дарсади овозҳои мардумро ба даст оварда буд. 

Як рӯҳонӣ дар Теҳрон гул ва санадеро дар даст дорад, ки аз овоз додани ӯ шаҳодат медиҳад  

Овезаи таблиғотии номзади дигари интихоботӣ Саид Ҷалилӣ. Собиқ раҳбари ҳайати музокиротии Эрон дар масоили ҳастаӣ яке аз се нафар номзадоне шуд, ки дар остонаи интихобот аз сабқат берун шуд  

Кӯдакон бо либоси шабеҳи низомиёни Сипоҳи посдорон дар овоздиҳӣ модари худро ҳамроҳӣ мекунанд. Ин созмонро, ки бахше аз идораҳои низомии Эрон мебошад, ИМА созмони террористӣ мешуморад  

Ин зан ҳам дар интихобот иштирок мекунад 

17 июн. Зане аз назди овезаи таблиғотии Иброҳими Раисӣ убур мекунад  

Раисӣ дар Теҳрон овоз дод. Раиси 60-солаи додгоҳи олӣ эҳтимолан ҷойгузини Ҳасани Рӯҳонӣ дар мақоми президенти Эрон хоҳад шуд. Рӯҳонӣ баъди ду дафъа пирӯзӣ ҳақ надорад номзадиашро пешбарӣ кунад  

Афсарони полис дар дохили нуқтаи раъйдиҳӣ.  BBC хабар дод, ки чандин журналисту фаъолон, ки ошкор гуфтанд овоз намедиҳанд, телефонӣ таҳдид шуданд 

Тарафдорони Абдулносир Ҳимматӣ, собиқ раси Бонки марказии Эрон рӯзи интихобот таҷаммӯъ кардаанд. Ҳимматӣ танҳо намояндаи мӯътадил дар миёни дигар номзадҳо мебошад 

Дар саросари Эрон рӯзи 18 июн 70 ҳазор нуқтаи раъйдиҳӣ боз буд. Ин занҳо ҳам дар навбати овоз додан истодаанд 

17 июн. Овезаи таблиғотии Раисӣ дар шаҳри Теҳрон