Сабзӣ, картошка, равған, тухм, шакар, аз ҷумлаи панҷ маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои Тоҷикистон ҳастанд, ки сабқати болоравии қимматҳояшон, то ҳоло, ҳатто мавсими ҳосилғундорӣ идома дорад.
Ба истилоҳ, дар ин сабқат дар бозорҳо, нархи сабзӣ ба таври бесобиқа ба мақоми аввал расидааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нархи сабзӣ чаро боло рафт?
Сокинон мегӯянд, ҳоло нархи як кило сабзӣ дар бозорҳо то 10 сомонӣ боло рафтаст.
Нархи сабзӣ як моҳи пеш вориди “сабқат”-и болоравӣ бо дигар маҳсулоти ниёзи аввалия шуд. Он замон як кило сабзӣ то се сомонӣ арзиш дошт, вале дигар, ҳатто дар мавсими ҷамъоварии ҳосил низ нархи он поён нашуд.
Зафар Қодиров, тоҷир дар бозори “Деҳқон”-и Душанбе гуфт, соли гузашта сабзиро дар сардхона нигаҳдорӣ карданд ва нарх поён рафт, зиён диданд. Ӯ гуфт, бо дарназардошти зиён дидан дар соли гузашта касе дар сардхонаҳо сабзӣ захира накард, ки як сабаби боло рафтани нархи ин маҳсулот дар ҳамин аст.
Нархи картошка каме поён шуд, вале равғану орд арзон нашуд
Ҷамъоварии ҳосили нав қиммати картошкаро аз 5 то 3-3,5 сомонӣ поин овард. Аммо ба нархҳои қаблӣ барнагардонд. Ба ин монанд қиммати як кило шакар низ, ки то 10 сомонӣ боло рафта буд, ҳамон гуна боқӣ мондааст. Дастрас кардани равғани растанӣ барои бархе аз қишри ҷомеа мушкил шудааст, чун нархаш дар қиёс ба як соли пеш, тақрибан як баробар боло рафтааст.
Олга Давидова, сокини Душанбе мегӯяд, нархи равғани растанӣ дигар поён нашуд ва рӯз то рӯз гаронтар мешавад. “Як зарфи яклитра равғани растанӣ пештар 13-14 сомонӣ буд. Баъдан, ба 18-20 сомонӣ расид. Ҳоло бошад, марзи 20 сомониро ҳам убур кардааст. Нафақаи ман 330 сомонӣ аст. Акнун тасаввур кунед, ки бо ин нафақа ва ин нархҳо чӣ гуна бояд як моҳ зиндагӣ кунам.”,--гуфт ӯ.
Соли 2020, рӯзҳои таҳлука аз ҳамагирии коронавирус қиммати орд аз 160 сомонӣ то 250-300 сомонӣ боло рафт. Он рӯзҳо, ки аксарият мехостанд, барои чанд моҳ орд захира кунанд, гузашт, вале нархи як халта орди 50 килограммӣ дигар аз марзи 200 сомонӣ поин нашуд, ҳарчанд ду мавсими ҷамъоварии ғалла низ пушти сар мешавад.
Чаро нархҳо боло мераванд?
Абдусаломи Абдусалим, тоҷир дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе ба ин назар аст, ки дар авҷи паҳншавии коронавирус аксар деҳқонон кишт накарданд ё кишти кам карданд, ки ин вазъ ба нархҳо таъсир гузошт. Ӯ сабаби болоравии нархҳоро кам кишт шудани гандум медонад.
Тухм аз маҳсулоти аслии таҳияи ғизои наҳорӣ ва пухту паз дар хонаводаҳои Тоҷикистон аст. Интиҳои соли 2020 қиммати як дона тухм аз 70-80 дирам то ба 1 сомониву 30 дирам боло рафт. Ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон як дона тухми мурғро аз як сомонӣ камтар пайдо карда намешавад.
Мастон Шарипов, мудири бозори “Деҳқон”-и Душанбе мегӯяд, баланд рафтани нарх дар кишварҳои дигар як сабаби боло рафтани нарх дар Тоҷикистон аст.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омор қимати маҳсулоти ниёзи аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2020 то 42 дарсад боло рафта буд. Мақомот ин равандро ба ҳамагири коронавирус рабт медиҳанд, аммо таҳлилгарон қиммати нархҳо дар бозорро бештар ба заъфи назорати нархҳо, коҳиши тавлидот ва адами рақобати солим марбут медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
200 тонна гӯшт, 20 ҳазор тонна шакар. Ҳукумат гуфт, ки чӣ қадар маҳсулотро бе боҷу НДС меорандБоду ҳаво, баста шудани марз ё набудани дурнамо: Чаро сабзӣ қимат шуд? ВИДЕОБолоравии нархи гӯшту равған дар Тоҷикистон. Қазияи бензин беасар намонд. ВИДЕОДаҳҳо тоҷирро барои болоравии нарх ҷарима бастаанд. Сокинон мегӯянд, дар бозор чизе тағйир наёфт. ВИДЕО