Ноумедӣ ва фақр. Дар Эрон кӣ ҷойгузини Рӯҳонӣ мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи панҷшанбеи 18-уми июн раъйдиҳандагони эронӣ ҷойгузини президенти ин кишвар Ҳасан Рӯҳониро интихоб мекунанд. Дар ин маърака мушкилоти иқтисодӣ, таҳрими Амрико, таваррум, ҳукуматдории номуваффақи мансабдорони давлатӣ, болоравии нархҳо ва муқовимат ба бемории КОВИД-19 дар сархатти маъракаи интихоботӣ қарор дошт.