Чин барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе--Хоруғ--Қулма ба Тоҷикистон 203.9 миллион доллар грант ё кумаки ройгон медиҳад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод. Ба гуфтаи вазир, ин маблағ барои бунёди қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон сарф мешавад.
Аммо грант ё ёрии Чин шартҳои худро дорад. Харҷи маблағ ва мудирияти корҳоро як ширкати Чин анҷом медиҳад ва воридоти дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурӣ барои бунёди ин қитъаи роҳ ва ҳамчунин бору колои ҳайати кории тарафи Чин аз андоз ва боҷи гумрукии Тоҷикистон озод мешаванд.
Дар шарҳи ин тасмим дар Маҷлиси намояндагон гуфта нашуд, ки барои сохтмони роҳ аз Чин ба Тоҷикистон чӣ теъдод корманд ва коргар оварда мешавад. Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар назди вакилон гуфт, қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-марзи ноҳияҳои Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, ниёз ба таъмир дорад.
"Роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии роҳи автомобилгарди Осиё рақами 66 буда, барои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, тиҷорати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон нақши муҳим мебозад",-афзуд вазир.
Ҷузъиёти бештар дар бораи созиши Тоҷикистону Чин дар ин бора дар порлумон садо надод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале бар асоси мактуби Тоҷикистон ба Чин, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Душанбе ваъда додааст, ки баъди сохтани роҳ аз Қалъаихумб то ноҳияҳои Рӯшон дар ҷойҳои намоёни роҳ "логотипи “Ёрии Чин” (China Aid)-ро” насб мекунад. Таъмири роҳ ҳам бар асоси қарордоди ду ҷониб аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад.
"Тарафи Тоҷикистон дар асоси шартномаи сохтмон ва ҷадвали лоиҳа барои интиқоли маблағ дархост пешниҳод мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз тасдиқи дархост аз ҷониби ширкати идоракунии Чин маблағро ба таври мустақим ба суратҳисоби ширкати чинии сохтмонӣ интиқол медиҳад",-омадааст дар мактуби Тоҷикистон ба Чин.
Пекин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Вале қарзҳои ҳангуфти Чин боиси нигаронӣ аст. Душанбе аз Пекин 1,1 миллиард доллар қарздор аст.
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.
Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамияти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.