Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷикро барои навиштаҳояш дар Фейсбук ба 5,5 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукм рӯзи 14-уми июн содир шудааст. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур расман хабарро шарҳ надодааст, вале Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи Ризоев дар додгоҳ рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” номидааст.
Парвандаи ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет” баррасӣ шудааст.
Абдумаҷид Ризоев, ки дар гузашта корманди “Ампаро”, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон буд, солҳои ахир дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” кор мекард. Ин созмон ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медодааст.
Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ” мерасонад, айбдор кардааст.
Аз ҷумла, бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро додситон андешаи ифротгароёна хондааст.
Дилафрӯз мегӯяд, ҳатто шеъри “Падаре гуфт, ба писар бо қаҳр: Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар.” низ дар парванда ҳамчун ҳарфи ифротгароёна ворид шуда буд, вале баъдан забоншиносон хулоса доданд, ки ин шеър моҳияти фалсафӣ дорад. Ӯ гуфт, ин шеър пок карда шуд, вале дигар навиштаҳои ӯро, ки бештар фалсафӣ буданд, ҳамчун айбнома ба парванда ворид карданд.
Ин адвокати тоҷик гуфт, ки зерҳимояааш гуноҳ надорад ва ҳеҷ қонунеро нақз накардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, "ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуд."
Ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, Ризоев айби нисбаташ эълоншударо дар мурофиаи додгоҳӣ рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.
Дар ин маҳал ширкати "Пӯлодӣ Плаза" бояд бинои нав созад. Ба нақли адвокаташ, ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки қабл аз боздошт масъулони ин ширкат ба ӯ таҳдид карда буданд, ки аз машварати ҳуқуқи ба сокинон даст бардорад. Назари ин ширкат дар робита ба ин масъала ҳанӯз дастрас нашудааст.
Адвокати Ризоев гуфт, аз ҳукми додгоҳи Шоҳмансур ба додгоҳи болоӣ шикоят мекунанд.
Моддае, ки Ризоевро ба он гунаҳкор донистаанд, соли 2016 дар Кодекси ҷиноятӣ пайдо шуд. Дар ин кодекс мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани писанд ё лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бештар бо ин баҳона дар Тоҷикистон озодандешонро таъқиб мекунанд. Мақомот ин ҳарфро қабул надоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Пайвандонаш гуфтанд, Мирзои Ҳоҷимуҳаммадро "барои навиштааш дар Фейсбук" зиндонӣ кардаанд. ВИДЕОДар Тоҷикистон ҷазо барои тарғиби терроризм сахттар шудЯк "Like"-у "Класс" метавонад то 15 сол ба зиндон барад6 соли зиндон – барои “Like” ва “Класс”-и Фирӯз дар интернет