Гузаргоҳи Фотеҳобод баста аст. На ҳама ба Узбекистон роҳ меёбанд. ВИДЕО

Чанд гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон дар вилояти Суғд соли 2018 пас аз 20 соли маҳдудиятҳо боз шуда буд

Ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон имкон надоранд, ки бе иҷозати хос аз роҳи заминӣ ба Узбекистон сафар кунанд.

Сокинон умедвор буданд, ки пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон гузаргоҳҳо боз шуда, сафарашон ба кишвари ҳамсоя осонтар мешавад. Аммо ҳанӯз гузаргоҳҳои сарҳадӣ бастаанд ва танҳо шумораи ками шаҳрвандон аз роҳи ҳавоӣ имкони сафар ба кишвари ҳамсояро доранд.

Рӯзи 14-уми июн чанде аз мусофирон аз манотиқи гуногуни кишвар ба гузаргоҳи Фотеҳобод дар ноҳияи Мастчоҳ омада, хостори гузаштан аз марз буданд, вале дарро ба рӯйи худ баста ёфтанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузаргоҳи Фотеҳобод баста аст. На ҳама ба Узбекистон роҳ меёбанд

Комилҷон, шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, фикр мекард, ки пас аз сафари Мирзиёев марз боз шудааст. "Гуфтам аллакай навигариҳо ҳаст ва роҳҳо кушода шудаанд, аммо ҳеч гапе нест. Ман чор рӯз шуд ба инҷо омадаам. Ба Узбекистон барои зангирӣ рафта истодаам.”,--гуфт ӯ.

Ҳоло танҳо онҳое ба Узбекистон даромада метавонанд, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, ё дархост кардаанд ва барояшон иҷозатномаи гузаштанро додаанд. Ба ин руйхат нафароне шомил мешаванд, ки аз Узбекистон даъватнома доранд ва аз ҷониби Тоҷикистон иҷозати сафарашон тасдиқ гардидааст.

Обидҷон Отабоев, ду ҳафта пеш ба Тоҷикистон омада буд, вале мегӯяд, бо доштани чунин ҳуҷҷатҳо низ наметавонад ба Узбекистон, назди оилааш баргардад.

Обидҷон Отабоев, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва хонаводааш дар Узбекистон қарор дорад. “Ҳамсари ман аз Узбекистон аст ва ман ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дорам. Мо ду фарзанд дорем. Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо барои будубош бояд маблағ супорам ва барои ҳамин хостам аз Тоҷикистон раводид гирам, то зиндагониам осонтар шавад. Ман раводид гирифтам, вале барои гузаштан иҷозат намедиҳанд. Тавассути ҳавопаймо мумкин будааст, аммо ба тариқи заминӣ не. Ман ҳайрон мондам. Фарқи ҳаминро ҳеҷ кас фаҳмонда наметавонад.”,--гуфт ӯ.

Рамил Мансуров, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки азми сафар ба Узбекситонро дорад гуфт: "Дар сарҳад аллакай ман дуюм рӯз аст, ки истодаам. Кӯшиш карда истодаам, ки ба корам баргардам. Дар дар як ширкати узбекистонӣ кор мекунам, вале марз бастааст. Барои дорандагони шиносномаи тоҷикӣ иҷозаи рафтан нест ва ҳама гузаргоҳҳо маҳкам аст. Марҳамат бинед, ҳама бо ҳамин мушкил дар инҷо нишастаанд”.

Бо оғози ҳамагирии коронавируси нав, дар моҳи марти соли гузашта Узбекистону Тоҷикистон марзҳои худро бастанд. Бо коҳиши беморӣ борҳо аз эҳтимоли боз шудани марзҳо сухан рафт, вале масъала ҳал нашуд. Дар поёни нишасти раҳбарони ду кишвар дар Хуҷанд рӯзи 11-уми июн низ дар ин бора ба таври рӯшан чизе гуфта нашуд.

Обидҷон Отабоев мегӯяд, бояд ба Узбекистон баргардад, чун оилааш бе ӯ "азоб мекашанд". "Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев омад ва шояд бисёр масъалаҳоро гуфтушунид карданд. Ман мехоҳам, тавре амал кунанд, ки ба мардуми ҳарду кишвар осонӣ оранд.”,--гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол мошинҳои борбар, ки ронандагонашон сокинони Тоҷикистон ҳастанд, бемамониат аз марз гузашта, вориди Узбекистон мешаванд. Роҳи ҳавоӣ низ боз аст ва ин ҳол суолҳоеро пеш меорад, ки чаро марзи заминӣ баста аст.

Дар миёни хоҳишмандони сафари Узбекистон онҳое кам набуданд, ки мехоҳанд аз Узбекистон ҳамчун кишвари транзитӣ барои расидан ба Русия истифода кунанд. Дар ҳоли баста будани марзи Қирғизистон кишвари Узбекистон барои онҳо муҳим гаштааст, вале маълум нест, кай роҳ боз мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон маҳбуб шуд? ВИДЕОУзбекистон мехоҳад аз Самарқанд то Панҷакент роҳи оҳан бисозад. ВИДЕО