Барои барҳам додани ду бонки Тоҷикистон мудир таъйин карданд.ВИДЕО

Бинои марказии "Тоҷиксодиротбонк"

Раванди барҳамдиҳии "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" расман оғоз шудааст. Иҷозатномаи ин ду бонки қаблан низомсозро Бонки миллӣ 21-уми май бозхонд кард ва садҳо муштариёни онҳо нигарони пасандозҳояшон ҳастанд.

Масъулини Бонки миллӣ гуфтанд, бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ин ҳафта содир шуд, мудирони махсус дар ду бонки муфлисшуда таин шудаанд.

Тибқи қарори додгоҳ, Раҳимҷон Шарифов дар "Агроинвестбонк" ва Фаррух Нуритдинов дар "Тоҷикcодиротбонк" ҳамчун мудири махсус раванди барҳамдиҳии бонкҳоро роҳбарӣ мекунанд.

Бар асоси қонун, мудирони махсус давоми ду соли оянда бояд амволи ду бонки муфлисшударо фурӯхта, пасандози мардумро бояд баргардонанд.

Теъдоди муштариёни "Агроинвестбонк" 27,7 ҳазор ва шумори мизоҷони "Тоҷиксодиротбонк" 5,5 ҳазор нафар ҳастанд. Масъулини Бунёди суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён қаблан гуфтаанд, "амонати мардум бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ пурра ҷуброн карда мешавад. Пулҳои боқимонда дар раванди барҳамдиҳӣ пардохта хоҳад шуд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Расмиёти барҳам додани ду бонки Тоҷикистонро оғоз карданд

Тибқи ин эълони Бонки миллӣ, аз ҳисоби Бунёди суғурта маблағи 64 дарсад муштариёни "Тоҷиксодиротбонк" ва пули 86 дарсад мизоҷони "Агроинвестбонк" баргардонда мешавад. Боқимондаи мизоҷон маблағи худро қисман аз Бунёди суғурта ва баъдан аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳо мегиранд.

Барҳамдиҳии ду бонки калони кишвар дар ҳоле оғоз мешавад, ки даҳҳо муштарии онҳо нигаронанд, ки тақдири пулҳои гузоштаашон чӣ мешавад. Хавотирии сокинон аз онҷо зиёд аст, ки бо гузашти чор сол то ҳол барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк" анҷом наёфта ва мардум пули худро аз ин бонк гирифта наметавонанд.

Вале масъулини Бонки миллӣ ва ҳам Тоҷиддин Пирзода, яке аз моликони "Тоҷиксодиротбонк" мегӯянд, пули мардум бозпас дода мешавад. Пирзода рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "молу мулки бонк ҳаст. Маблағҳои захиравӣ аз ҳисоби кафолатҳои амонати шахсӣ дар Бонки миллӣ низ ҳаст. Оҳиста-оҳиста бо мардум ҳисобӣ хоҳанд кард."

Бонки миллӣ рӯзи 21-уми май эълон кард, ки иҷозатномаи фаъолияти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро бозхонд кард, чун фаъолияти ин ду бонк новобаста аз ёриҳои ҳукумат муътадил нашуд.

Ин ду бонки як замон азим ва ба истилоҳ низомсоз соли 2015 дучори буҳрон гашта дар пардохти амонатҳои мардум оҷиз монданд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои наҷоти ин ду бонкҳои дучори мушкил беш аз се миллиард сомонӣ қарз дод, аммо мушкили ин бонкҳо ҳал нашуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳбарони "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз мақомҳояшон барканор шудандТоҷиддин Пирзода гуфт, амонати мардумро бармегардонанд, муштариён шубҳа доранд. ВИДЕО, САДО"Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк"-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕОБонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод