Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон рафтааст, то аз минтақаҳое, ки баҳори имсол аз селхезӣ ва лағзиши замин осеб дида буданд, дидан кунад. Дар пайи боронгариҳои моҳи май 9 нафар дар кишвар ҷон бохтанд, ки 8 нафари онҳо сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Вахш ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буданд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон субҳи 15-уми июн аз деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) дидан кард. Шаби 8 ба 9-уми май дар ин деҳа лағзиши замин шуруъ шуд ва беш аз 100 гектар замини кишоварзии сокинон ва 20 манзили онҳо фурӯ бурд.
Пас аз ин ҳодиса, мақомот барои 20 хонаводаи зарардида аз лағзиши замин қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи КҲФ, 167 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тасмим гирифт, барои ҳар як оилаи зарардида дар маҳалли амни ҳамин деҳа 10-сотихӣ замин ҷудо карда, манзили навро дар муддати як моҳ бунёд кунад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Раҳмон рӯзи 15-уми июн "калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонаш супоридааст". Сокинони зарардида то кунун дар хаймаҳои муваққатӣ ба сар мебаранд. Мақомот мегӯянд, ки онҳо то соҳиби хонаву дар шудан, аз сӯи ҳукумат бо рахти хоб, сару либос ва маводи хӯрокворӣ таъмин мешаванд. Вале бархе аз сокинони зарардида пештар гуфтанд, барояшон маҳсулоти сохтмонӣ надоданд, то манзилҳояшонро барқарор кунанд.
Дар ин муддат ҳамчунин созмонҳои байналмилалии имдодӣ ва шахсони хайрхоҳи маҳаллӣ низ ба осебдидагони ин ҳодиса ёрирҳо ироа кардаанд. Мақомоти тоҷик қаблан гуфтанд, ки аз ҷумла барои зарардидаҳо кумакҳои USAID ва ЮНИСЕФ дастрас карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарор аст имруз, 15-уми июн оқои Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб сафар кунад ва аз минтақаҳои осебдида дидан намояд. Пеш аз сафар ба Кӯлоб, Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Вахш ҳам дидан кард. Селу обхезии моҳи гузашта ба ин ноҳия низ осеби зиёд расондааст.
Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май аз ҳама беш ба шаҳри Кӯлоб харобӣ овард ва тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, садҳо хона зарар дид. Бархе аз сокинони офатзада дар рӯзҳои гузашта шикоят доштанд, ки бо гузашти ду ҳафта ҳеч кӯмаки сохтмонӣ нагирифтанд, то манзилҳояшонро дубора бозсозӣ кунанд.
Намояндагони мақомот ҳамвора мегӯянд, ки барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар ба мардум ҳам кумаки ғизоӣ ва ҳам маҳсулоти сохтмонӣ мерасонанд. Бино ба арзёбиҳои мақомоти Кӯлоб, тақрибан 600 хонавода бар асари сел осеб дида ва ба кумак муҳтоҷ шудаанд.
Мақомот мегӯянд, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.
Тибқи иттилои масъулини КҲФ Тоҷикистон, соли 2020 дар пайи офатҳои табиӣ дар кишвар 41 бинои маскунии сокинони пурра ва 102 бинои дигар қисман тахриб шуда буданд. Ин ҳодисаҳо ба 18,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ хисорот ворид карда, шаш пули иртиботӣ комилан тахриб шуда буданд.
Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.