Баъди он ки рӯзи якшанбе парлумон аъзои ҳукумати нави эътилофии Исроилро тасдиқ кард, рӯзи 14-уми июн аъзои нави ҳукумат ба кор шурӯъ кард. Бо ҳамин, давраи нахуствазирии 12-солаи Бенямин Нетаняҳу дар Исроил ба охир расид. Рӯзи 13-уми июн аъзои Кнессет дар натиҷаи як овоздиҳии бисёр танготанг, бо бартарии 60 бар 59 овоз, ҳукумати навро тасдиқ карданд.
Нахуствазири нави Исроил Нафталӣ Беннетт раҳбари ҳизби миллатгарои “Ямина” 49 сол дорад ва шоми 13-уми июн ба мақоми нахуствазирӣ тасдиқ шуд. Субҳи душанбе таъини вазирони ҳукуматӣ оғоз гардид.
Баъди тасдиқи аъзои ҳукумати нави Исроил, президент Ҷо Байден гуфт, ки давлати яҳудӣ муттафиқи аслии ИМА аст ва ҳамеша як пуштибони амниятии Исроил боқӣ мемонад. Байден гуфт, ки бо ҳукумати Беннетт ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳад кард. Беннетт 13-умин нахуствазири Исроил шуд.