Сиёсатмадори бонуфуз ва собиқ раиси маҷлиси Эрон Алии Лориҷонӣ аз мақомот талаб кард, ки қарори ба интихобот роҳ надодани ӯро ба ҳайси номзади курсии президентӣ шарҳ диҳанд. Шӯрои нигаҳбон – як ниҳоди муҳофизакор дар ҳукумати Эрон чанд ҳафта пеш аризаи садҳо нафарро, ки мехостанд ба ҳайси номзади интихоботи президентӣ сабтином шаванд, рад кард ва танҳо ба ҳафт нафар иҷоза дод, ки барои ширкат дар интихобот роҳ дода шаванд. Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти амалкунандаи Эрон дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надорад. Дар миёни номзадҳои ба интихобот роҳёфта ҳеҷ як нафарашон мунаққиди воқеии режими раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ нест. Лориҷонӣ дар як изҳороташ дар Твиттер хостааст, ки мақомот ба ӯ шарҳ диҳанд, ки дар кадом ҳолат ӯ дар аризааш ҳарфи ғайривоқеӣ гуфтааст.
Интихоботи президентии Эрон рӯзи 18-уми июн барпо мешавад ва феълан маълум нест, ки оё ҳарфи Лориҷонӣ чӣ таъсире хоҳад дошт.
Хоманеӣ, ки дар оғоз интиқоди номзадҳои радшударо рад кард, баъдан дар як даъвати ғайримунтазира аз Шӯрои нигаҳбон хост, ки қарорашро дигар кунад. Лориҷонӣ як сиёсатмадори мӯътадили муҳофизакор буда, аз оилаи сиёсатмадорони бонуфуз намояндагӣ мекунад. Ӯ дар гузашта раиси ҳайати музокироти Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар сари барномаи ҳастаии Эрон буд.