"Пул нест, ҳаққи барқро чӣ гуна пешпардохт кунем?"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як қарори вакилони порлумони Тоҷикистон дар бораи пули барқ хашми бисёре аз корбаронро барангехтааст. Аъзои Маҷлиси Намояндагон 9 июн розӣ шуданд, ки дар Кӯлобу Бохтар низоми пешпардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ ҷорӣ шавад. Яъне, аввал пул, сипас барқ, ҳар вақте пул тамом шуд, барқ ҳам нест.