"Се талоқ". Чӣ гуна мардон дар Тоҷикистон аз занони худ ҷудо мешаванд?

"Шавҳарам дар Русия кор мекард, занг заду се талоқ дод ва гӯширо гузошт. Намедонистам, чӣ гуна ба чашми аъзои оила ва дӯстон бинигарам. Одат шудааст, ки дар ҳама мушкилот занҳоро гунаҳкор кунанд. Мепиндоранд, азбаски мард талоқ дод, пас, зан гунаҳкор аст. Баъзеҳо мепурсиданд, "чӣ гуна ӯро ба ин вазъ расондӣ?" Ба назди мулло рафтем, ки барои ислоҳи вазъ чорае ҳаст. “Не” гуфт ва пас аз он ин ҳолат созиш кардам." Ин саргузашти Фирӯза, зани 22-сола аз Душанбе аст.

Дар як даҳсолаи охир талоқ бо телефон ва паёмак (СМС) дар Тоҷикистон мушкили ҷиддии занон мондааст. Аксар вақт ин кор аз тарафи муҳоҷирон сурат мегирад, ки дар кишвари дигар оилаи нав барпо карда, зану фарзандони худро дар Тоҷикистон мондаанд.

Барои ин, танҳо ба занашон занг задаву се дафъа калимаи "талоқ"-ро ба забон меоранд ва ё паёмак мефиристанд. Бино бар қонунҳои шариат се дафъа гуфтанаш кофист, ки издивоҷ бурида шавад, аммо рӯҳониён мегӯянд, бояд ҳар ҳолатро дар алоҳидагӣ баррасӣ кард.

Талоқ – бекор кардани никоҳи динӣ – эътибори ҳуқуқӣ надорад, вале дар Тоҷикистон баъзан риояи қонунҳои шариат муҳимтар дониста мешавад. Аксар тоҷикистониҳо ба ҷуз аз сабти расмии издивоҷ маросими мазҳабии никоҳро баргузор мекунанд, вале иддае танҳо бо издивоҷи динӣ иктифо меварзанд.

Соли 2011 ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид карданд, ки баргузории никоҳи диниро бе сабти расмии никоҳ дар идораи ЗАГС манъ мекунад. Ин меъёрро баъзан вайрон мекунанд, махсусан ҳангоми издивоҷ бо ноболиғон ё гирифтани "зани дуюм". (Азбаски чунин иттифоқҳо ба қайд гирифта нашудаанд, дар бораи онҳо ягон омор вуҷуд надорад)

Фирӯза: "Аз талоқи динӣ метарсидам"

Талоқҳои СМС-ӣ бештар ба издивоҷҳои расман сабтношуда рабт доранд. Аммо ҳатто агар издивоҷ расмӣ ҳам бошад, талоқи динӣ аксар вақт нисбат ба талоқи расмӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Ин иттифоқ бо Фирӯза рӯй додааст, зани 22-солае аз Душанбе, ки пештар нақлашро овардем.

"Талоқ чизест, ки мардон идора мекунанд. Шавҳари ман борҳо гуфта буд, талоқ медиҳад ва дубора издивоҷ мекунад. Аз талоқи расмӣ дида, бештар аз талоқи динӣ метарсидам. Медонистам, ки пас аз талоқи расмӣ метавонем дубора бо ҳам биоем, агар бихоҳем. Аммо пас аз талоқи динӣ ин кор имконпазир нест", -- мегӯяд Фирӯза.

Ӯ дар 19-солагӣ, замоне ки дар курси севуми донишгоҳ мехонд, издивоҷ кардааст. "Шавҳари ояндаи ман дар Русия дар муҳоҷират буд. Маро ба ҳамсарии ӯ модараш интихоб кардааст, ки якҷо бо модари ман кор мекард. Дар аввал шавҳари ояндаам ва хонаводааш одамони хуб метофтанд. Розӣ буданд, ки ба таҳсил идома дода, дар оянда аз рӯйи ихтисос кор кунам. Хушдомани ояндаам мегуфт, писараш маълумоти олӣ дорад ва ҷавони замонавӣ аст, аммо баъд аз тӯй фаҳмидам, ки ӯ маълумот надорад ва дар ин масъала моро фиреб додаанд", -- ба ёд овард Фирӯза.

Одатан ба модараш занг мезад ва гоҳ-гоҳ хоҳиш мекард, гӯширо ба ман диҳанд. Дар яке аз он рӯзҳо гуфт, маро се талоқ медиҳад ва телефонро хомӯш кард.

Пас аз тӯй ҳама чиз тағйир ёфтааст: "Шавҳарам ва оилаи ӯ дигар шуданд. Хушдоманам дар рӯзи аввал шарт гузошт, ки бояд соати 11-12-и шаб хоб рафта, панҷи субҳ, пеш аз дигарон, бихезам. Вай рӯйхати хӯрокҳоеро, ки давоми ҳафта бояд омода кунам, ба ман супурд. Ҳамин тавр, ҷаҳаннам оғоз шуд."

"Пеш аз дигарон аз хоб хеста, ҳама ҷойро тоза мекардам, наҳорӣ омода менамудам, ба донишгоҳ мешитофтам. Баъд аз нисфирӯзӣ баргашта, хонаро ҷамъ мекардам ва барои хӯроки шом ғизо мепухтам. Баъзан барои тайёр кардан дарс фурсат намеёфтам. Ҳангоме ки дафтару китобро мегирифтам, хонаводаи шавҳарам мегуфтанд, маъулмоти олӣ зарур нест, агар корҳои хонаро карда натавонам. Шавҳарам ба дарсҳо рафтан намемонд, телефонамро гирифта буд. Сардори гуруҳ ба волидонам занг задааст ва онҳо бо хонаводаи шавҳарам баҳс карданд. Пас аз он иҷозат доданд, ки дубора ба дарс равам."

Фирӯза нақл кард, ки пас аз ҳомила шудан вазъаш бадтар гардид: "Ҳеч кас ёрӣ намекард, баръакс, кори зиёдро ба дӯшам бор карданд. Маҳз ба ин сабаб кӯдаки авваламро аз даст додам. Ин замони таҷлил аз Соли нав буд. Шавҳарам бо хоҳараш барои сайругашт ба шаҳр рафтанд ва маро бо хусуру хушдоманам гузоштанд, то хӯрок омода кунам. Ба онҳо гуфтам, ки шикамам дард мекунад ва бояд табибро даъват кунем. Хушдоманам гуфт, ин дарди муқаррарии айёми ҳомила будан аст. Ҳамон шаб бачапартоӣ кардам. Хушдоманам ин ҳамаро диду гуфт, ки “ту гунаҳкор ҳастӣ, тифл бо гуноҳи ту норасида фавтид.”

Ин зан мегӯяд, пас аз ин ҳодиса волидонаш ӯро ба хонаашон бурданд. Пас аз гузашти чанд вақт шавҳараш хостааст, ки дубора баргардад.

"Оҳиста - оҳиста ба зиндагии муқаррарӣ бармегаштам. Шавҳарам телефони маро гирифт, аммо баъзан иҷозат медод, ки дарсҳоямро бо телефонаш иҷро кунам. Боре, вақте ба дарсҳо омодагӣ медидам, як духтар ба шавҳарам паём навишт ва аз калимаи "Азизам..." истифода кард. Ҳама мукотибаро хондам. Маълум шуд, аз рӯзҳои аввали издивоҷ ба ман хиёнат мекунад. Рақами духтарро гирифта, маконеро барои вохӯрӣ таъин кардам. Ӯву шавҳарам пеш аз издивоҷи мо якдигарро дӯст медоштаанд, аммо волидонаш мухолифат кардаанд. Ба шавҳарам занг зада, хостам, биёяд. Ӯ расид, аммо ба гапам гӯш надоду як торсакӣ зад. Ангуштарии арӯсиро кашида, ба сӯяш ҳаво додаву рафтам. Ӯ ҳатто кӯшиш накард, ки маро боздорад."

Фирӯза боз ба назди волидонаш рафт, аммо шавҳараш дигарбора хост, ки баргардад.

"Пас аз он вазъ бадтар шуд. Ӯ маро мезад. Умед доштам, ки сабри ман самар медиҳад. Шавҳарам ҷойи кори хуб надошт ва бино бар ин қарор кард, ки ба Русия равад. Дубора ҳомила шудам. Хабарро ба ӯву оилааш расондам, аммо хурсандӣ надоштанд. Моҳҳо мегузашт, кам занг мезад. Одатан ба модараш занг мезад ва гоҳ-гоҳ хоҳиш мекард, гӯширо ба ман диҳанд. Дар яке аз он рӯзҳо гуфт, ки маро се талоқ медиҳад ва телефонро хомӯш кард."

Пас аз чанд моҳ писараш ба дунё омад: "Шавҳарам он вақт дар Русия қарор дошт. Писарашро надидааст ва ҳатто аҳамият намедиҳад. Ба ҷойи ӯ оилааш навиштанд, ки аз кӯдак даст мекашанд. Баъдтар мо расман ҷудо шудем. Ҳуҷҷатҳоро модараш имзо кард. Шавҳарам ба ӯ ваколатнома дода буд."

Тасмиме дар ҳолати хашм

"Ман бо талоқ муносибати бад дорам. Мардум метавонанд, онро дар ҳолати хашм ба забон оранд, аммо сипас пушаймон шаванд. Ману шавҳарам якдигарро хеле дӯст медорем ва ин ибора, ки аз беақлӣ гуфта шуд, метавонист ҳама чизро аз байн барад", -- ба хотир меорад Фарзона, ҳамсуҳбати дигари мо.

Шавҳараш ӯро ба монанди Фирӯза ҳангоми дар Русия будан се талоқ додааст. Ӯ ба ин мазмун паёмак фиристодааст, вале мулло беэътибор донист.

Фарзона дар 25-солагӣ издивоҷ кардааст: "Донишгоҳро хатм намуда, кор мекардам. Хостгорҳо зиёд буданд, аммо ҳеч кадомашонро намеписандидам. Бо шавҳарам тасодуфан вохӯрдем. Вай дар ҳамсоягии бародарам дар шаҳри Ваҳдат мезист. Вақте ба дидани бародарам рафта будам, дар онҷо вохӯрдем. Зуд ба ман маъқул шуд. Қадаш баланду зебо буд. Шумораи телефонҳои худро ба якдигар додем ва суҳбат мекардем. Якдигарро дӯст доштем ва тӯй кардем."

Соли аввал бо аъзои оилаи шавҳараш якҷоя зистанд: "Бароям мушкил буд, аммо шавҳарам аз ман ҳимоят мекард ва ёрӣ медод. Як сол тоқат кардам, баъд бо хонаводааш ҷанг кардаву ба манзили волидонам омадам. Духтар таваллуд кардам. Шавҳарам ваъда дод, ки хонаеро ба иҷора мегирад ва мо ҷудо аз мекунем."

Фарзона бо волидонаш мезист, аммо бо шавҳараш мулоқоту дидор мекард: "Шавҳарам як ҳафта гум шуд. Ба ӯ паём навиштам, занг задам, телефонаш хомӯш буд. Баъд аз як ҳафта аз Русия занг зад ва гуфт, ба муҳоҷират рафтааст. Хашмгин шудам, ки маро хабардор накарда рафт. Дар авҷи хашм хостам, талоқ бидиҳад. Чизе нагуфту гӯширо гузошт ва дертар паём фиристод, ки талоқи маро медиҳад.”

“Гиря кардам ва намедонистам, чӣ кор кунам. Пас як соат ба ман навишт, ки ту маро ба ин ҳол расондӣ, ҳарчанд намехостам. Гуфт, маро дӯст медорад”, -- ба ёд овард Фарзона.

Падараш ба назди рӯҳонӣ рафтааст: "Ба ӯ гуфтаанд, ки ин талоқ ҳисоб намешавад. Мо дубора никоҳ накардем. Ин барои мо дарс шуд. Ба хулосае расидем, ки дигар дар авҷи хашму ғазаб тасмим намегирем.”

Далер: Ҳисси гунаҳкориро аз худ дур кардам

"Талоқ барои ҳамаи мо зарур буд. Барои ман, ҳамсару кӯдаконам дар Русия ва ҳамсари дигарам дар Тоҷикистон." Далери 34-сола ҳамсари дувумашро дар Тоҷикистон тавассути СМС талоқ додааст. Ӯ мегӯяд, дар Русия зани қонунӣ ва се фарзанд дорад. Ҳамсари дувумаш дар Тоҷикистон сабтином нашудааст.

Вай дар бистсолагӣ, вақте бо хонаводааш ҷанҷол кард, аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидааст: "Духтареро дӯст медоштам, волидонам комилан мухолиф буданд. Дар Русия ҳамчун фурӯшанда кор мекардам ва дар инҷо бо духтаре шинос шуда, издивоҷ кардам."

Ба ӯ гуфтаанд, ки ин талоқ ҳисоб намешавад. Мо дубора никоҳ накардем, аммо барои мо дарс шуд. Ба хулосае расидем, ки дигар дар авҷи хашму ғазаб тасмим намегирем.

Бо гузашти чанд вақт Далер бо волидон ба гап задан шуруъ кард: "Аммо дар бораи зиндагии хусусиям дар Русия ба онҳо чизе нагуфтам. Дар дувоздаҳ соли охир дар кишвар ҳамагӣ се-чаҳор дафъа будам. Барои чанд ҳафта мерафтам, вале дубора ба назди ҳамсараму кӯдакон ба Русия бармегаштам. Волидон дар Тоҷикистон баъзан шиносномаи маро пинҳон мекарданд, то дар кишвар бимонам."

Далер ба волидонаш дар бораи оилаи худ дар Русия замоне хабар дод, ки духтари аввалаш ба дунё омад: "Онҳо ҷиддӣ қабул накарданд, ҳар дафъа кӯшиш мекарданд, маро дар Тоҷикистон оиладор кунанд. Ман ҳамсару се духтар дорам, ки онҳоро дӯст медорам".

"Бори охир, вақте ба Тоҷикистон рафтам, маро оиладор карданд. Модарам як духтарро интихоб карду ба хостгорӣ рафт. Чизеро намедонистам. Тибқи анъана наздикон ҳуҷҷатҳои маро пинҳон карданд. Дар хона моҷаро бархест, кӯшиш кардам, ба волидон фаҳмонам, ки оила дорам, вале шунидан нахостанд. Дар охир розӣ шудам. Тӯй тибқи анъана баргузор шуд", – давом дод Далер.

Пас аз тӯй якуним ҳафта дар Тоҷикистон истод ва сипас ба Русия рафт: "Ин сафари охирини ман буд. Аллакай се сол ба онҷо нарафтам. Ҳар вақте волидон дар бораи ӯ ёдовар шаванд, мегӯям, ӯ ҳамсари ман нест, келини Шумост. Ҳамсари ман дар Русия ҳамроҳи ман аст. Ҳамсарам дар Тоҷикистон дуним сол бо волидонам зист. Баъдан аз ин вазъ безор шуда, ба хонаашон рафт. Тавассути паёмак ӯро талоқ додам. Барои ӯ афсӯс мехӯрам, аммо волидонам гунаҳкоранд. Вақте ба духтар гуфта будам, ки оила дорам, чизе нагуфт ва монеи тӯй ҳам нашуд."

"Фатвои дақиқ зарур аст"

Ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон ҳар сол тақрибан сад ҷуфт ба онҳо дар бораи дурустӣ ё нодурустии талоқашон муроҷиат мекунанд. Чанд сол пеш дар Кумитаи дин гуфта буданд, ки мумкин аст Шӯрои уламо дар бораи манъи талоқи телефонӣ ва СМС-ӣ қарор қабул кунад, аммо то ҳол қабул нашудааст.

Абдувоҳид Ҳамидов, мутахассиси шуъбаи фатво, мегӯяд, бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари мусулмонҳои Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, шунидани садои мард кофист, то талоқ ҳисоб шавад. Муҳим нест, ба гуфтаи ӯ, ин гап дар рӯ ба рӯи зан баён шудааст ва ё тавассути телефон, "аммо дар мавриди талоқҳои СМС-ӣ ҳар як ҳодиса дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад".

"Маъмулан чунин паёмакҳоро муҳоҷирон мефиристанд. Мумкин аст, дар ҳолати асабонӣ ва ё мастӣ ин гапро мегӯянд. Дар ин ҳолатҳо талоқ дуруст шумурда намешавад", -- гуфт Ҳамидов.

Айни замон дар Шӯрои уламо аз мардон мехоҳанд, ки бо телефон талоқ надиҳанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, моҳи июли соли 2019 дар як нишасти матбуотӣ гуфт, "ҳангоме шахс зани худро аз наздик мебинад, шояд қарораш дигар мешавад. Зеро эҳсоси самимият ба вуҷуд меояд. Мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷ будани яке аз ҳамсарон, оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд."

Саидмукаррам Абдулқодирзода

Ба гуфтаи Аҳмад Ярликапов, корманди илмии Маркази Қафқоз ва амнияти минтақавии МГИМО, танҳо фатвои дақиқ метавонад масъалаи талоқро тавассути телефон ва СМС дар Тоҷикистон ҳал кунад.

"Ин падидаи замони мост. Пештар чунин ҳолатҳо набуданд. Ҳоло тоҷикон дар муҳоҷират зиёданд, талоқ ҳам зиёд аст. Мардҳо дар Русия барои худ касеро пайдо мекунанд ва тавассути телефон ё СМС ҳамсари худро талоқ медиҳанд. Аз нуқтаи назари шариати Ислом, ин одамон хеле хатарноканд. Дар ин маврид бояд фатвои дақиқе бошад", -- хулоса кард ӯ.

Номи қаҳрамонҳои гузориш бо дархости онҳо иваз карда шудааст.