Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии туркӣ даъват кард, ки аз фурудгоҳи "Манас" ҳамчун маркази логистикӣ дар Осиё истифода кунанд.
Ҷабборов гуфт, дар сурати истифодаи фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек ҳамчун маркази логистикӣ, ба ширкатҳои туркӣ имтиёз дода мешавад.
Президенти Қирғизистон дар ин бора рӯзи 9-уми июн дар панҷумин ҷаласаи Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегӣ байни Қирғизистону Туркия дар шаҳри Анкараи Туркия суҳбат кард. Вай гуфт, доду гирифти ду кишвар бояд то ба 1 млрд доллар расонида шавад.
Ҷабборов ҳамчунин ба сармоягузорони туркӣ ваъдаи ташкили фазои мусоиди тиҷорӣ ва имтиёз дод.
Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми июн бо сафари расмӣ ба Туркия рафта, то 11 июн онҷо мемонад.