Малика аспро "ром" кард, вале шавҳарашро аз даст дод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бузкашӣ ва ё човандозии зан барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмулӣ аст. Аммо Малика Раҷабова, сокини 22-солаи шаҳри Ҳисор, ин қолабро шикаста ва дар иду маросим баробари мардон ба майдони бузкашӣ вориди рақобат мешавад.