Мунтахаби футболи Ҷопон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозӣ дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" рӯзи 7-уми июн дар варзишгоҳи "Panasonic Suita"-и шаҳри Осака баргузор шуд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 6-ум футболбози ҷопонӣ, Кёго Фурухаси, кушод. Се дақиқа пас нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Эҳсони Панҷшанбе, ҳисобро баробар кард.
Вале баъдан футболбозони Ҷопон мунтахаби Тоҷикистонро водор карданд, ки се дафъаи дигар тӯбро аз дохили дарвозаи худ бигиранд. Ин се голи ҷопониҳоро Такуми Минамино (40), Кэнто Хасимото (51) ва Хаяо Кавабэ (71) ба самар расонданд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон ғолиби гуруҳи "F" буда, пешакӣ ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфтааст. Тоҷикистон дар гуруҳи "F" бо 10 хол дар ҷойи дувум аст.
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз тамошои сабқати миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон аз бозии футболбозони тоҷик танқид карданд. Баъзе аз корбарон навиштанд, ки футболбозони тоҷик гуё аз қабл шикаст хӯрдани худро медонистанд ва хуб бозӣ накарданд.
Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар хабарномае, ки пас аз бозӣ бо мунтахаби Ҷопон нашр кард, гуфт, футболбозони тоҷик ҳанӯз шонси роҳ ёфтан ба даври баъдиро аз даст надодаанд.
Сабқати баъдии мунтахаби Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тими Мянмар аст. Интизор меравад, бозӣ рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар бозии даври ҳафтуми гурӯҳи "F" 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд.