Шоҳзода Ҳарри ва ҳамсараш Меган Маркл аз таваллуди фарзанди дувумашон хабар доданд. Ба гуфтаи ин ҷуфт, ба духтарашон номи Лилибетро додаанд.
Лилибет "Лилӣ" Диана Маунтбаттен-Виндзор субҳи рӯзи ҷумъаи 4 июн дар таваллудхонаи Санта-Барбараи Калифорния, дар ИМА ба дунё омадааст.
Фарзанди дувумашонро Ҳарри ва Меган Лилибет унвон кардаанд. Маликаи Бритониё Елизавета II, модарбузурги Ҳарриро дар муҳити хона Лилибет ном мебаранд.
Лилӣ - ёздаҳумин абераи маликаи Бритониё ва ҳаштумин нафар дар навбати тахту тоҷ аст.
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон падару модари Лилибетро табрик кардааст.