Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф ва поягузори самбо дар Тоҷикистон, пас аз бемории тӯлонӣ дар 77-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳампешагон даргузашти Абдуллоевро талафоти бузург номиданд.
Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи самбо, мегӯяд, "даргузашти Исмат Абдуллоев на танҳо барои самбо, балки барои тамоми варзиши тоҷик як талафоти бузург аст. Ӯ дар муддати беш аз 50 соли кор даҳҳо устоди варзишро дар риштаҳои самбо ва ҷудо ба воя расондааст".
Исмат Абдуллоев соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри бист эътироф гаштааст. Ӯ замоне номдор шуд, ки дар ҳамон сол шогирдаш Саидмуъмин Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори варзиш, мегӯяд, "дар замони Шӯравӣ қаҳрамони СССР шудан осон набуд. Шогирдаш Саидмуъмин Раҳимов, ки соли 1973 ба ин унвони баланд ноил гардид, баъд аз ду сол дар чемпионати ҷаҳон оид самбо пирӯзӣ ба даст овард".
Баъди марги Исмат Абдуллоев наздикони ӯ корашро идома медиҳанд. Маҳмуд Абдуллоев, бародарзодаи ӯ, ки дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва довари дараҷаи байналмилалист, гуфт, "хидматҳои ӯ дар рушди варзиш ва бахусус гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва ҷудо дар Тоҷикистон хеле назаррас аст. Дар ин намудҳои варзиш борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст. Маҳз бо маслиҳату дастгирии ин мутахассиси варзида ман дар риштаи самбо ба ҳайси довар дар мусобиқоти байналмилаливу ҷаҳонӣ роҳ пайдо кардам".
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исмат Абдуллоев пеш аз мураббӣ буданаш варзишгари номдор буд. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Имрӯз шогирдонаш дар ҳамаи самтҳо фаъолият мекунанд. Яке аз онҳо Фарҳод Раҳматуллоев мебошад, ки сардори Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аст. Вай гуфт, "устод барои мо намунаи ибрат буданд. Моро ҳамеша ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекарданд. Аз он кас бисёр чизҳоро омӯхтам, ки ҳам дар фаъолияти кориам ва ҳам дар зиндагиам ба кор мебарам".
Исмат Абдуллоев орзу дошт ва то охири умр талош мекард, ки самбо ба рӯйхати намудҳои олимпӣ ворид шавад. Ахиран Кумитаи байналмилалии олимпӣ Федератсияи байналмилалии самборо муваққатан эътироф кард ва интизор меравад, дар оянда ин навъи гуштӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шавад. Падидае, ки ӯ дигар намебинад, аммо саҳмаш барои расидан ба он бузург аст.