Тирпаронӣ дар Бодканд. Як сарбоз ҳалок, дигаре захмӣ шудааст

Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Бодканд, наздикии марзи Тоҷикистон, байни сарҳадбонони Қирғизистон тирпарронӣ ба амал омадааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 1-уми июн хабар дод, ки дар ин ҳодиса як сарбоз ҳалок шуда, дигаре захм бардоштааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.