Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара ду сокини деҳаи Хоҷаи Аълоро аз ташхиси тиббӣ гузаронда, дар бораи ҷараёни таъқиби сарҳадбонҳои Қирғизистон забонхат гирифтаанд. Қурбонбой Мараҷабов ва Субҳониддин Бобоев даъво доранд, ки рӯзи 26-уми май аз сӯйи марзбонҳои кишвари ҳамсоя дастгир ва дар он ҳодиса чанд сар чорвои худро аз даст доданд. Онҳо ҷуброни зарар мехоҳанд.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон ин хабарро, ки расонаҳои Тоҷикистон нашр карданд, шарҳ надоданд. Рӯзи 31-уми май сафири Тоҷикистон дар Бишкек, Назирмад Ализода, ин мушкилотро бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев баррасӣ кардааст, вале тафсилоти он низ дастрас нест.
"Гови сиёҳи маро нобуд карданд"
Қурбонбой Мараҷабов, сокини ҳаштодсолаи Хоҷаи Аълои Исфара, бештар аз чиҳил сол боз дар доманаи кӯҳи маъруф ба "Даҳанаи Дарвоза" ба деҳқонӣ ва чорвопарварӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат боре бо сарҳадбонҳои қирғиз рӯ ба рӯ нашуда, чорвояшро низ касе нарабуда буд, аммо 26-уми май якбора се сар чорвояш нопадид шуд ва худаш бештар аз се соат аз ҷониби сарбозони қирғиз боздошт гардид.
"Як нафарашон омада, аз ҳудуди худамон, аз дастам гирифту гуфт, ки рафтем. Гуфтам, ба ҳеч куҷо намеравам, дар ҳамин ҷо меистам. Баъд чаҳор низомӣ омаданд. Дигар ҳеч илоҷ наёфтам ва маҷбур гузаштам. Говҳоро дар назди худ дошта истода буданд. Баъд аз гузаштан чашмамро бастанду як нафари онҳо як мушт ба сарам зад", -- нақл кард ӯ.
Ин сокини Хоҷаи Аъло мегӯяд, ҳосили имсолаи деҳқониаш бо сабаби номусоидии ҳаво пурбор нашуд ва василаи асосии рӯзгузаронии хонавода дар ин минтақаи баҳсӣ се гову ду гӯсолааш буд. Вале дар рӯзи ҳодиса пайдо нашудани як гови ба гуфтаи худаш 25 ҳазор сомонӣ ӯро ғамгин кард. Вай ният дошт, бо пули ин чорво ба писараш хона созад.
Мараҷабов гуфт: "Гови сиёҳи маро нобуд карданд. Қариб 5 литр шир медод ва ҳама оиларо таъмин мекард. Ҳатто то Чоркӯҳ мебурданд. Онҷо низ хешу табор дорем."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Дар бораи ҳарбиёни тоҷик маълумот хостанд"
Дар он рӯзи ҳодиса чӯпони дигари деҳа, Субҳониддин Бобоев, низ аз ҷониби марзбонҳои қирғиз боздошт шуда, мавриди озору шиканҷа қарор гирифтааст. Вай иддао дорад, ки ҷониби кишвари ҳамсояро убур накарда буд ва дар мавзеи дастгиршудааш солҳо подабонӣ мекунад.
"Яке аз онҳо пурсид, ки ба ту ҷону ҳаётат даркор аст? Гуфтам, бале. Гуфт, ба ман маълумоти ҳарбиёни тоҷикро мегӯӣ, баъд халос мешавӣ. Вақте намедонам гуфтам, ба синаам бо автомат зад. Як нафараш латтаи мулоимро ба болои синаам гузошта, боз сетои дигар зад. Боз пурсид, ки дар қисми низомии инҷо чӣ қадар сарбоз ҳаст, вақте боз намедонам гуфтам, се дафъаи дигар ба гарданам зад", -- нақл кард ин сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.
Се чорвои хурди Субҳониддин низ дар ин ҳодиса нопадид шудааст ва бо гузашти тақрибан як ҳафта мақомоти марзбонии ду кишвар зиёни молии ин ду сокини деҳаи сарҳадиро барнагардондааст.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон ин хабарро, ки расонаҳои Тоҷикистон нашр карданд, шарҳ надод. Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари онҳо натиҷа надоданд. Вале амали марзбонон хилофи суханони раиси ҷумҳурии Қирғизистон Собир Ҷаббор (Садир Жапаров) ҳастанд, ки аз марзбонон ва мардуми худ хост, "бояд фазои эътимод дар марз, ки аз тарафи ниёгони ду халқ асрҳо бунёд гаштааст, барқарор карда шавад."
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон аз рӯзи 21-уми май марз бо Тоҷикистонро бастааст. Хадамоти марзбонии ин кишвар гуфт, се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар минтақаи марзии вилояти Уш боздошт шудаанд ва сарнавишти онҳо то ҳоло рӯшан нагаштааст.
Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.