Додгоҳи шаҳри Душанбе ҷазои ду додситонро, ки ба "қаллобӣ ба миқдори калон" айбдор мешуданд, бо ҷарима иваз карда, аз ҷавобгарӣ озод намудааст.
Сайфиддин Баҳриддинзода, муфаттиши собиқи додситони ноҳияи Шоҳмансур ва Манучеҳр Аҳмадзода, додситони пешини шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон дар вилояти Суғд (писари Музаффар Аҳмадзода, муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасод) охири моҳи феврали имсол ба қаллобӣ муттаҳам шуда буданд. Наздикони онҳо ҳукмро шарҳ надоданд, вале ҳуқуқдонҳо ҳукми додситонҳои собиқро "бисёр нарм" номиданд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май гуфт, додситонҳои муттаҳам ба қаллобӣ наздик ба 200 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 19 ҳазор доллари амрикоӣ, ҷарима шуданд. Ба иттилои ӯ, "ин миқдор маблағе буд, ки тафтишот онро ҳамчун зарари расида аз қаллобӣ ҳисоб кард ва он барқарор шуд".
Сайфиддин Баҳриддинзода то замони ҳукми додгоҳ дар боздошт буд, аммо Манучеҳр Аҳмадзода бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт. Ҳоло ҳарду озод шудаанд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нисбат ба Сайфиддин Баҳриддинзода "дар ҳашт маврид ҷабрдидаҳо шаҳодат додаанд, ки ӯ аз онҳо маблағ ситонидааст".
Сайфиддин Баҳриддинзода моҳи январ ёвари додситони ноҳия Шоҳмансур таъин шуд ва аз ин пеш дар додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор мекард. Ба гуфтаи мақомот, нисбат ба ӯ замоне парванда боз шуд, ки нафаре бо номи Давлатшоҳ Гиёев, сокини Душанбе, бо гумони талаби “пора” аз як тоҷир боздошт шудааст. Ин нафар шоҳидӣ додааст, ки ӯ бо супориши Баҳриддинзода ин корро анҷом дод.
Он замон наздикони Баҳриддинзода гуфта буданд, ба "тафтиши одилона" бовар доранд. Вай пас аз он ки ба қаллобӣ муттаҳам шуд, як замон фирор карда буд, вале баъдан дастгир шуд.
Манучеҳр Аҳмадзода, ки замони кор дар шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон ва ҷавонон дар Додситонии вилояти Суғд нисбаташ парванда боз шуд, пештар дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бо суистифода аз ваколат заминҳои кишоварзии ноҳияи Рӯдакиро ба сокинон фурӯхтааст. "Баъдан, ҳуҷҷати чанд сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки замин барои манзили зист гирифта буданд, қалбакӣ баромад. Онҳо гуфтанд, ки барои гирифтани замин ба Аҳмдазода пул додаанд", -- гуфт як манбаи Радиои Озодӣ.
Падараш, Музаффар Аҳмадзода, полковники адлия ва аз моҳи майи соли 2020 муовини аввали Раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аст.
Коршиносон ҳукми ду додистони собиқро "бисёр нарм" ва бархӯрди дугуна унвон мекунанд. Шариф Раҷабов, адвокати собиқи тоҷик, мегӯяд, даҳҳо нафареро медонад, ки бо айни чунин иттиҳом ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд.
"Қонунҳои мо тавре навишта шудааст, ки ба ҳар тарафе тоб диҳӣ, мешавад. Яъне, агар одами худӣ бошад, мумкин аст, ки ҳукмро тағйир дод ва ё ҳатто бегуноҳ донист. Масалан, ҳамин моддаи қаллобӣ ҳам ҷарима мепурсад ва ҳам аз 5 то 10 соли зиндон. Агар одами худӣ бошад ва бо роҳе дили додрасро ёбад, варианти сабуктаринро интихоб мекунанд, лекин агар одами бесоҳиб бошад, варианти охирин интихоб мешавад", -- ибрози назар кард ӯ.
Додситонӣ, ки вазифаи назорати иҷрои қонунҳоро дар ихтиёр дорад, ниҳоди калидӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Боздошти кормандони додситонӣ дар кишвар хеле кам иттифоқ меафтад, вале ба гуфтаи коршиносон, чун ин ниҳод дар ҳукми додгоҳҳо имкони таъсиррасонӣ дорад, аксаран додситонҳои муттаҳам ба ҷиноят ҷазои сабук мегиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дастёри додситони Шоҳмансурро ба қаллобӣ муттаҳам кардаандПисари муовини раиси Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам шудаастДодситонеро, ки дар Душанбе ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, дастгир кардаанд