Ҳабси 5 тоҷик барои омодагӣ ба ҳамла дар Маскав. Ҳукмро "туҳмат" хонданд

Бинои Ситоди ГРУ дар Маскав

Панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар Маскав бо гуноҳи омодагӣ ба ҳамла ба Ситоди низомии ГРУ, Хадамоти иктишофии Русия, аз 9 то 17 сол зиндон маҳкум кардаанд. Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки онҳо гуноҳро напазируфтанд. Ба иттилои манбаъ, яке аз онҳо ҳангоми мурофиа фарёд зада, гуфтааст, парванда сохта аст ва онҳоро туҳмат карданд.

Пайвандони онҳо ҳанӯз ба ин ҳукм вокуниш накардаанд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, аз ин парванда хабар доранд, вале мақомоти Русия барояшон ҷузъиёт надодаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуда, маводи парванда низ муҳри махфӣ доштааст. Нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манобеи худ навиштааст, шахсони маҳкумшуда узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" будаанд.

Як додгоҳи ҳарбии Русия ба Нурулло Раҷабов, ки ӯро раҳбари гуруҳ ном бурдааст, 17 сол ҳукми зиндон додааст. Ҳамроҳони дигари ӯ, аз ҷумла Лутфулло Арабов ба 15 сол, Мирзомаҳмуд Мирзоев ба 12 сол, Неъмон Хоҷаев ба 11 сол ва Шодмон Шокиров ба 9 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Онҳо барои талоши ҳамлаи террористӣ, созмон додани ташкилоти террористӣ ва иштирок дар фаъолияти он ва ғайриқонунӣ дастрас кардани силоҳ айбдор шудаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, онҳо бо Абу Усомаи Норакӣ (Тоҷиддин Назаров), ки нақши ӯ дар чанд ҳамлаи террористӣ ошкор шудааст, тамос доштаанд. Тоҷиддин Назаров, сокини 36-солаи шаҳри Нораки Тоҷикистон, яке аз мубаллиғони фаъоли ДОИШ буд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик даҳҳо нафарро ба сафи ин созмони тундрав ҷалб кардааст. Исми ӯ дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм дар соли 2017 низ дарҷ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия, Раҳмат Оқилов, нафаре, ки бо мошини боркаш чанд нафарро дар маркази шаҳри Стогҳолм зер кард, қабл аз ҳамла бо Абу Усомаи Норакӣ тамос доштааст.

Миралӣ Шарипов, як тан аз дӯстони панҷ нафари маҳкумшуда гуфт, ки додгоҳи Русия барои воҳима кардан аз номи Абу Усома истифода кардааст.

"То ҷое ман медонам, инҳо фақат кадом баромади Абу Усомаро гуш кардаанд ва дар телефонашон видеои гап задани ӯ будааст. Дигар гапҳо ҳамааш дурӯғ аст ва инҳо ягон бор бо Абу Усома тамос надоштаанд.",--гуфт ӯ.

Манобеи нашрияи "Коммерсантъ" дар мақомоти Русия гуфтаанд, ки гуиё Абу Усома ба онҳо гуфтааст, ки бинои ГРУ-Сарраёсати Сарраёсати кашфи Русияро тарконанд, вале вақте онҳо ин корро анҷом дода наметавонанд, ба онҳо супориш медиҳанд, ба мусофирони қатораи барқӣ ҳамла кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Абу Усомаи Норакӣ" кист? ВИДЕО

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки замони боздошти панҷ нафар Абу Усомаи Норакӣ чандон фаъол набуд.

"Аз рӯйи далелҳои мо Абу Усомаи Норакӣ аз соли 2015 то соли 2017 фаъол буд. Ӯ дар Сурия қарор дошт ва ҷавононро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДОИШ ҷалб мекард. ДОИШ аллакай мавқеҳояшро дар Сурия аз даст дода буд ва Абу Усома бо ҷонибдоронаш бо сабаби сустии интернет тамос гирифта наметавонист ва баромадҳояшро ҳам дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намекард. Ӯро охири соли 2018 боздошт карданд ва дигар аз вазъияташ хабар нест",--гуфт ин мақоми огоҳ.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин панҷ нафар ҳанӯз соли 2018 боздошт шуда буданд. Чор шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамон сол бо айни чунин иттиҳом зиндонӣ шуданд. Онҳо низ парвандаашонро сохта унвон карда буданд. Коршиносон низ ба боздошти муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми терроризм дар русия ҳамеша бо шубҳа менигаранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таркиш дар метрои Петербург. Содиқ Ортиқов 22 сол гирифт, дигарон аз 19 сол то ҳабси абад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мурофиаи тоҷикони муттаҳам ба бомбгузории Маскав шурӯъ хоҳад шуд Баъди боздошти Сиёвуш падараш "дастнорас" шуд. ВИДЕО, САДОТоҷикистон 7 шаҳрванди зиндониашро аз Қазоқистон қабул накард. Онҳо ба ҳамкорӣ бо "Шаҳомат" айбдорандФСБ видеои боздошти гурӯҳеро намоиш дода онҳоро “зодаи ОМ” ва “ҷонибдорони ДИИШ” номидБоздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм дар РусияГумонбари таркиш дар метрои Петербург: "Ман намедонам, гексоген чист!" Русия: Фармони тарконидани марказҳои тиҷоратиро "Абу Усомаи Норакӣ" додааст. ВИДЕО, САДО