Гулсумбии қоматбаланд Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Варзишгари тоҷик Гулсумбӣ Шарифова чанд рӯз пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканди Узбекистон меъёри олимпиро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иҷро кард.

Ҳамакнун дар мавриди тасдиқи натиҷаи нишондодаи ӯ (22.72 сония) аз ҷониби Созмони ҷаҳонии варзиши сабук ин давандаи 23-сола соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио мешавад, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол доир мегардад.

Гулсумбӣ Шарифова рӯзи 26-уми май дар суҳбати вижаи видеоӣ бо Радиои Озодӣ нахуст дар бораи дастоварди худ дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов, ки рӯзҳои 14-15-уми май дар Тошканд баргузор шуд, нақл кард.