Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 26-уми май розӣ шуданд, ки амволи "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк" фурӯхта ва қарзи ду бонк дар назди давлат баргардонда шавад, аммо дар бораи амонати мардум чизе нагуфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои наҷоти бонкҳои дучори мушкил дар умум се миллиард сомонӣ ёрӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Бунёди суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён гуфтааст, "амонати мардум бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ пурра ҷуброн карда мешавад. Пулҳои боқимонда дар раванди барҳамдиҳӣ пардохта хоҳад шуд."
Аз бозхонди муҷаввиз ва қатъи кори ду бонки як замон бузурги Тоҷикистон – "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" – панҷ рӯз сипарӣ шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк"-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕОДар ҳоле ки мақомот дар бораи чӣ гунагии бозгардони амонати мардум, шарту шароит ва муҳлати он чизе намегӯянд, Радиои Озодӣ 25-уми май аз Тоҷиддин Пирзода, муассис ва яке аз саҳмдорони "Тоҷиксодиротбонк", пурсид, ки раванди барҳамдиҳӣ чӣ гуна сурат хоҳад гирифт?
Тоҷиддин Пирзода: "Шояд то як ҳафтаи дигар мудири муваққат дар бонк кор кунад ва пас аз он додгоҳ мудири барҳамдиҳандаро муайян мекунад. Молу мулки бонк ҳаст. Маблағҳои захиравӣ аз ҳисоби кафолатҳои амонати шахсӣ дар Бонки миллӣ низ ҳаст. Оҳиста-оҳиста бо мардум ҳисобӣ хоҳанд кард, мо низ дар атрофи мудири барҳамдиҳанда дар ҳамин ҷо хоҳем буд, то замоне ки амонати мардум пурра пардохта шавад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Бовар доред, ки мардум амонати худро пурра гирифта метавонанд?
Тоҷиддин Пирзода: "Ҳатман. Дар муддати 4,5 соли солимгардонӣ мо иҷозати ҷалб кардани амонатҳои мардумро надоштем, вагарна ин масъаларо (манзур бозгардони амонатҳо) барвақт ҳал мекардем. Новобаста аз ин, дар тӯли 4 cолу 6 моҳ пули шахсони веқеиро баргардонидем. Ҳоло камтар аз 400 миллион сомонӣ амонати шахсони воқеӣ мондааст. Дар навбати аввал то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳо аз ҳисоби захираҳои мо пардохт карда мешавад. Вақте ин маблағ пардохт шавад, ҳамагӣ ҳудуди 1200 амонатгузор мемонанд. Сипас, моликияти бонк ҳаст. Портфели қарзии мо ҳам хеле калон аст, ки маблағи амонатҳоро рӯйпӯш мекунад. Портфели қарзии мо бо назардошти фоизҳо (баҳраҳо) наздик ба 2 миллиард сомонӣ аст, аммо мардум пули қарзи бонкро саривақт надода истодаанд. Мепардозанд, вале кам. Мо ҳамин маблағҳоро гирифта, ба амонатгузорон баргардондем. Боварии комил дорам, ки муҳлати бозгардондани амонатҳо ба монанди бонкҳои дигар 4-5 сол тӯл нахоҳад кашид ва дар давоми аз ним то як сол мардум маблағашонро мегиранд. Моро аз вазифа дур мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки масъулиятро ба зимма нагирем. То ба охир меистем, чунки дар вақташ касоне Пиров ё Пирзода гуфта маблағашонро ба бонк бовар карданд. Ба боварии мардум эҳтиром дорем ва кӯшиш мекунем, то дирами охиринашонро баргардонем."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Барои оянда чӣ нақшаҳо кашидаед, боз нияти ташкили бонки навро доред?
Тоҷиддин Пирзода: "Ҳоло ҳама фикру зикри ман бар сари он аст, ки бо мардум ҳисобӣ кунем. То фардо мардум ба ман ё фарзандони ман нагӯянд, ки Пирзода пули моро надод. Новобаста аз он ки расман дар кор нестам, ҳар рӯз ба бонк меоям, менишинам. Бо мардум, амонатгузорон, ҳамкорони пешин суҳбат мекунам. Худо хоҳад, уҳдадориҳои худро иҷро мекунем, баъд пайи андешаҳои дигар мешавем. Бонкдорӣ танҳо шуғли ман нест, ҳарчанд аз соли 1999 бо ин кор машуғулам. Ин бонкро сохтем, сармояҳои зиёде ҷалб намудем... Шуғли дигари ман омӯзгорӣ аст, метавонам дар донишгоҳ дарс гӯям ва ин барои ман як ифтихор аст."
Радиои Озодӣ: Сабаби асосии ба буҳрон гирифтор шудани бонкро дар чӣ мебинед?
Тоҷиддин Пирзода: "Ин ҷо чанд омили муфлисшавии бонк вуҷуд дорад. Бонкдорӣ кори хеле нозук аст, чунки аз боварии одамон вобаста аст. Агар имрӯз овоза кунанд, ки "Тоҷиксодиротбонк" проблема дорад, касод мешавад ва ин як зарбаи сахте ба бонк аст. Айни ҳамин гуна овоза дар ҳаққи бонк соли 2015 пайдо ва паҳн карда шуд. Гуфтанд, ки бонк дигар пул дода наметавонад, муфлис мешавад. Ҳол он ки мушкили пешомада чандон ҷиддӣ набуд. Мардум ба овозаҳо дода шуда, пасандози худро талаб карданд. Агар дар ёд дошта бошед, дар буҳрони молии соли 2009 бонкҳои азиме дар Аврупо варшикаста шуданд. Чунки бонкҳо ба мардум қарзҳои ипотекӣ доданд, барои 20-30 сол, аммо амонатгузорон ба овозаҳои варшикаста шудани бонкҳо бовар карда, омаданду амонатҳои худро якбора талаб карданд. Агар 30 дарсади амонатгузорон якбора омада маблағи худро талаб кунанд, ягон бонк, на дар Аврупо на дар Амрико ва на Тоҷикистон, тоб оварда наметавонад. Намешавад, ки ҳам маблағ дар хазинаи бонк истаду ҳам мардум амонатҳояшро бо фоизҳо гиранд. Пул бояд дар гардиш бошад.
Якум, сабаби ба мушкил гирифтор шудани "Тоҷиксодиротбонк" аз ҳисоби овоза буд. Бо ёрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъзе аз иғвогаронро дастгир карда будем, ки дар корти бонкиаш 1 сомонӣ дорад, аммо 20 нафари дигарро оварда, дар паси банкоматҳо қатор карда буданд.
Дувум, тавре медонед, иқтисоди Тоҷикистон аз маблағҳои фиристода аз хориҷа вобаста аст. Соли 2014 қурби рубли русӣ якбора поин рафт, миқдори пулҳои интиқолӣ қариб дувуним баробар кам шуд. Қудрати молиявии мардум паст шуд, қарзи бонкро саривақт бозпас гардонда натавонистанд. Вақте пулфиристӣ аз Русия кам шуд, як қисме аз мардум омада, амонаташонро талаб карданд, ки рӯзгорашонро пеш баранд. Албатта сабабҳои дигаре ҳам вуҷуд дошт, ки дар оянда сари имконияту фурсат дар бораи он суҳбат мекунем."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод"Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк"-ро барҳам доданд, бо пули мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕО"Гуфтанд, ки дигар занг назан, аз баҳри пул гузар". ВИДЕО