Агар Толибон биоянд... Amnesty International гуфт, ҳуқуқи занон дар Афғонистон "зери хатар аст"

Занон дар бемористони Урузгон. Акс аз бойгонӣ

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар изҳороте ҳушдор дод, ки масъалаи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон зери хатар аст. Нигаронии созмон аз онҷост, ки нирӯҳои байналмилалӣ базудӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва дар пайи музокироти байниафғонҳо, мумкин аст, гурӯҳи шӯришии Толибон барои тақсими қудрат ба кишвар роҳ дода шавад.

Ямини Мишра, раиси шуъбаи Осиёву Уқёнусияи созмони Amnesty International, рӯзи 24-уми май гуфт, “Афғонистон ба самте ҳаракат мекунад, ки пешрафтҳои дар давоми 20 соли гузашта бадастомада дар масоили занону духтарон бо хатари аз даст рафтан рӯ ба рӯ аст”.

Ӯ афзуд, “ҳоло фурсати он расидааст, ки ҳукумати Афғонистон ва шарикони байналмилалии он барои ҳифзи дастовардҳои давоми 20 соли гузашта уҳдадор шаванд ва дар ин самт амал бикунанд ва ин пешрафтҳо қурбони муомилаҳо бо Толибон нашаванд”.

Amnesty International ба ин нукта аҳамият додааст, ки дар музокироти сулҳ дар Қатар, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон идома дорад, шумори хеле маҳдуди занон иштирок мекунанд.

Дар ҳайати 21-нафарии ҳукумати Афғонистон дар музокираҳо танҳо чор зан шомил шудааст ва дар ҳайати Толибон ҳеч зан ҳузур надорад. Моҳи марти имсол дар конфронси сулҳи Афғонистон дар Маскав дар ҳайати 16-нафарии ҳукуматӣ танҳо як зан шомил буд.

Ҳанӯз маълум нест, ки конфронси ваъдашудаи сулҳ, ки қарор буд моҳи апрели имсол дар Истанбул барпо шавад, кай ташкил мешавад. Мишра аз ҳукумати Афғонистон тақозо кард, ки дар ҷараёни музокираҳо “ширкати ҷиддиву пурраи занон таъмин карда шавад”.

Ӯ гуфт, ин ки дар ҷараёни музокираҳои ҳозира шумори занон хеле маҳдуд аст, баёнгари он аст, ки “кори зиёде дар пеш аст”. Вай афзуд, “ин музокираҳо ояндаи занону духтаронро дар Афғонистон шакл медиҳад ва садои онҳо шунида мешавад”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рафтани нирӯҳои амрикоӣ озодии занонро дар Афғонистон зери суол бурдааст

Amnesty International таъкид кардааст, аз замони суқут додани ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 дар ҷомеаи Афғонистон ҳуқуқи занон “ба таври назаррас” боло рафтааст. Дар ин кишвар ҳоло 3,3 миллион духтар бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Занон ба ҳайси ҳуқуқшинос, табибу додрас, омӯзгор, муҳандис, варзишгар, сиёсатмадор, журналист, соҳибкор, афсари полис ва узви нирӯҳои мусаллаҳ кор мекунанд.

Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, бар асоси созиши соли 2020 бо Толибон, хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон то 11-уми сентябр ба охир мерасад, вале ҳамзамон мавҷи хушунатҳо дар Афғонистон боло рафтааст.

Чунин тарс вуҷуд дорад, ки баъд аз сари кор омадани Толибон ин гурӯҳи шӯришӣ назорати нирӯҳои хасташудаи амниятиро дар Афғонистон, ки ҳоло бо такя ба кумакҳои ҳавоӣ, иктишофӣ ва таъминотии эътилоф амал мекунанд, ба дасти худ мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Магар Толибон дигар ва “раҳмдил” шудаанд? Мардум мегӯянд, на.Шаҳзода Назарзода мегӯяд, баъди мусоҳиба дар бораи занони тоҷик "таҳдид ба қатл шудааст"Вазорати маорифи Афғонистон сурудхонии духтарони аз 12‑сола болоро манъ кард"Занони афғон ба ақиб барнамегарданд", агар Толибон ҳам биёяндНигин аз омадани Толибон метарсад, вале ноумед нест. ВИДЕО