Ҳудуди 40 дарсади андозсупорандаҳо дар Тоҷикистон ба усули онлайнии пардохти молиёт рӯй овардаанд.
Ба иттилои Кумитаи андоз, беш аз 140 ҳазор андозсупоранда эъломияҳои худро тавассути интернет месупоранд. Шумораи умумии андозсупорандагон дар Тоҷикистон, ба маълумоти соли 2020, 326 ҳазор нафар аст. Пештар соҳибкорон, масъулони ширкатҳо ва ё созмонҳо барои супурдани эъломияҳо ҳар моҳ ба идораи андоз мерафтанд ва соатҳо мунтазир мемонданд, то нозир санади онҳоро қабул кунад ва бар асоси он молиёт диҳанд.
Нозирони андоз вазифадор шудаанд, ки ҳуҷҷатҳои андозсупорандагонро тафтиш карда, ягон камбуд ёбанд ва баъдан ҷарима банданд. Дар аксар маврид “даромади воқеиро рӯйпӯш” кардӣ гуфта, гуноҳ мекобанд.Ҳамид Самиев
Дар Кумитаи андози Тоҷикистон дар аввали моҳи май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки айни замон барои сокинон 56 навъи хидматрасониҳои онлайниро фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, сокинони Тоҷикистон метавонанд, сабти номи фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани патенту шаҳодатнома, ҳисоб ва пардохти андозҳо, фаҳмидани миқдори қарзи андоз ва тартиб додани санади муқоисавиро онлайн анҷом диҳанд.
Тоҷикистон дар ҳоле ба ислоҳоти шеваи ситондани андоз даст задааст, ки созмонҳои байналмилалии молӣ батакрор ба ҷумҳурӣ чунин тавсия медоданд ва барои роҳандозии ислоҳот маблағҳои ҳангуфте ҳам ҷудо карданд. Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт дод.
“Супурданаш осон, аммо мизони андоз гарон”
Соҳибкорон ва муҳосибон мегӯянд, фароҳам шудани воситаҳои онлайнӣ дар супурдани андоз ва эъломия дар муқоиса бо усули қаблӣ роҳаттар асту вақти камтар мегирад. Муҳимтар аз ин, ба гуфтаи андозсупорандагон, имконоти онлайнӣ зарурати рафтан ба идораи андоз ва эҳтимоли коррупсия ва ё ришватситониро камтар мекунад, аммо сарбории андозҳо барои соҳибкорону ширкатҳо ҳамоно гарон мондааст.
Ҳамид Самиев, муҳосиби собиқадор, ки барои супурдани молиёяти якчанд соҳибкор ва ширкатҳо хидмат мерасонад, гуфт, ба фарқ аз солҳои пешин имконоти онлайнӣ пардохти андозро осонтар кардааст. Аммо ба қавли ӯ, мизони андоз ҳанӯз барои аксар соҳибкорону ширкатҳо вазнинӣ мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Transparency International: Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои фасодзада мемонад. Муқоиса бо ҚирғизистонБа гуфтаи Самиев, ба таври онлайнӣ супурдани андоз боз ҳам андозсупорандаро аз тафтишу ҷаримаҳо эмин намедорад: “Нозирони андоз вазифадор шудаанд, ки ҳуҷҷатҳои андозсупорандагонро тафтиш карда, ягон камбуд ёбанд ва баъдан ҷарима банданд. Дар аксар маврид нозирон андозсупорандагонро “ту кам андоз супурдӣ” ё “даромади воқеиро рӯйпӯш” кардӣ гуфта, гуноҳ мекобанд. Шахс ва ё ширкати андозсупоранда бояд дар давоми 10 рӯз ҷавоб гӯяд, ки ба хулосаи нозир розӣ ҳаст ё не? Дар аксар маврид мактуб ба соҳибкор дер мерасад, муҳлати даъво мегузараду баъд 5-6 моҳ андозсупоранда бо ин мушкил саргардон мешавад.”
Ба таъкиди ин муҳосиби собиқадор, “мушкили асосӣ дар он аст, ки нақшаи ҷамъоварии андоз хеле калон аст ва нозиронро аз “боло” маҷбур мекунанд, ки бо ҳар роҳе онро ҷамъ биоранд”.
Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ нозирон ҳадди аксар талош мекунанд, камбудие ёфта, андозсупорандаро ҷарима банданд ва ё маҷбур кунанд, андози чанд моҳи ояндаро пешакӣ супоранд, то нақшаи даромади буҷет иҷро шавад.
"Камбизоат бештару бой камтар месупорад"
Низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Тулейн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи апрел ба натиҷа расиданд, ки сиёсати буҷаву андоз (молиёт) дар Тоҷикистон "боис ба афзоиши мизони фақру камбизоатӣ ва нобаробарӣ миёни қишрҳои аҳолӣ" мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Камбизоат бештару бой камтар месупорад". Аз шеваи андозситонӣ дар Тоҷикистон танқид кардандБа гуфтаи муҳаққиқон, андозҳо дар Тоҷикистон "барои хонаводаҳои камбизоат сангинӣ мекунад", аммо "қишри дорои аҳолӣ, баръакс, баробар ба сарвату сармояаш андоз намесупорад". Дар ҳоле ки, ба таъкиди иқтисоддонҳо, сиёсати дурусти андозбандӣ бояд, баръакс, сатҳи фақр ва нобарорбариро миёни қишрҳои ҷомеа камтар кунад.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло тарҳи нави Кодекси андозро омода кардаанд, ки ба бовари онҳо кори тоҷирону сокинонро осон мекунад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор Кодекси андозро иваз кард, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам наоварданд.
Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.