Максим Шевченко: "Ширкати Манижа дар "Евровидение" бегонаситезиро дар Русия кам намекунад"

Максим Шевченко

Максим Шевченко - ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба ҳунарнамоии як духтари зодаи Тоҷикистон дар озмуни бонуфузи мусиқии “Евровидение” аз ҷониби Русия баҳои баланд дод. Ӯ гуфт, ки ҳамлаҳои миллатгароёнаро ба ин духтар маҳкум мекунад ва бо ин, ки бовар дорад, ҳунарнамоии Манижа афкони ин гурӯҳи сокинони Русияро нисбати муҳоҷирон дар ҷомеаи ин кишвар тағйир намедиҳад, ӯ ба муҳим будани ҳалли масоили муҳоҷирон таъкид кард.

Максим Шевченко баъди ҳунарнамоии бомуваффақияти Манижа Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни “Евровидение” дар Роттердам, ки 18-уми май барпо шуду, роҳи Манижаро ба даври ниҳоии озмун боз кард, ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод:

Ман шахсан тарафдори онам, ки теъдоди зиёди тоҷикон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, бояд ҳуқуқи иҷтимоӣ дошта бошанд ва мардум зиндагии ин одамонро, ки аз ҷумла, дар хизмати «бойбачаҳои» маркази Маскав ҳастанд, дарк намоянд.
Максим Шевченко

Радиои Озодӣ: Максим, назари шумо ба ҳунарнамоии Манижа чӣ аст? Оё шумо муваффақияти ӯро ҳамчун як комёбии муҳоҷире дар Русия арзёбӣ мекунед?

Максим Шевченко: Пеш аз ҳама, ман ба калимаи "муҳоҷир" қатъиян мухолиф ҳастам. Албатта, мо маҷбурем, ки онро ба маънои сотсиологӣ ва фаннӣ, ё манфӣ истифода барем, аммо Манижа, мисли дигар тоҷикони муқими Маскав, кайҳост, ки шаҳрванди Федератсияи Русия мебошад. Манижа ба забони русӣ аъло ҳарф мезанад, дар ҳоле ки бисёриҳо, ба ном русҳои этникӣ, чунин қобилият надоранд. Манижа, тавре ки ман мефаҳмам, аз хурдӣ маълумоти аъло гирифтааст, зеро аз кӯдакӣ дар ин ҷо ба воя расидааст. Ман фарди рус ҳастам ва Русияро дӯст медорам, Русияеро, ки дар он намояндаи ҳар миллате, ки шахс худро ба он мансуб медонад, барои худ манзил пайдо карда, дар шароити ободиву осудагӣ ва осоиштагӣ зиндагӣ бикунад. Ман фикр мекунам, ки Манижа духтари боистеъдод аст, ошкоро гӯям, вай бояд сари баъзе чизҳо кор кунад. Ва шахсан ман мехостам, ки ӯ аранжировкаҳои муосири сурудҳои бениҳоят зебои тоҷикиро, ки ман дар Тоҷикистон шунидаам, иҷро кунад. Вай бо забонҳои гуногун ҳарф мезанад. Аз ин рӯ, ман ба Манижа танҳо муваффақият орзу мекунам.

Радиои Озодӣ: То куҷо баъди ин озмун назари онҳое, ки ба ӯ ҳамлаҳои лафзӣ мекарданд, дигар мешавад ё то куҷо ӯ дар зеҳнияти гурӯҳҳои миллатгарову бегонаситез чизеро дигар карда метавонад?

Максим Шевченко: Не, албатта, наметавонад, зеро ин қисми аҳолӣ фашистҳо, нажодпарастони этникӣ, одамбадин мебошанд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ин холатро иваз карда наметавонад, зеро шуури маъюбони ақлро танҳо бо роҳи ҷиддӣ, танҳо бо роҳи ташхиси равонӣ ва табобати клиникӣ тағйир додан мумкин аст ва он ҳам, тавре ки мегӯянд, на ҳамеша натиҷабахш аст. Ман умуман фикр намекунам, ки Манижа бояд муносибати моро ба мардуми тоҷик, фарҳанги тоҷикон дигар кунад.

Дар ин ҷо бисёре аз тоҷикон кор мекунанд, заминро асфалпӯш мекунанд, хона месозанд ва умуман мушкилтарин корҳоро анҷом медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки фарҳанги Русия, ки ҳамеша зиндагии деҳқонон, зиндагии мардумро тасвир мекард, вазифадор аст асарҳоеро, ки ҷаҳони ботинии ин мардумро нишон медиҳанд, офарад. Ин ба Манижа вобаста нест, Манижа фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ намекунад. Манижа бо услуби постмодерн кор мекунад ва дар саҳна як навъи ҳунари ғайриоддӣ, ба маънои хубаш мазҳака меофарад ва ин услуби бадеии ӯст. Аммо ман бо шумори зиёди тоҷирон ва одамони муваффаки тоҷик дар Русия, ки феълан шаҳрвандони Русия ҳастанд ва

Манижа ба забони русӣ олӣ ҳарф мезанад ва аз рӯи тарзи сурудхониаш маълум, ки метавонад ба лаҳҷаҳои гуногуни Русия тақлид кунад. Ин бартарии иҷтимоии вай аст, ки одамони дигар надоранд.
Максим Шевченко

бо оилаҳо, фарзандони олиҷаноби соҳибмаълумот ва донишҷӯёни беҳтарини донишгоҳҳо, ки забонҳои гуногун, аз ҷумла забони тоҷикиро хуб медонанд, шиносои дорам. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки вазифае, ки дар назди тамоми ҷомеа ва дар назди мо истодааст, фарогирии иҷтимоӣ ва фарҳангии он одамоне мебошад, ки имрӯз аз садои худ маҳруманд, аз забон маҳруманд, аз гурӯҳи таҳқиршудагон ҳастанд (ман номи яке аз асарҳои Достоевскийро ба хотир меорам), вазифаи мо аз он иборат аст, ки садои онҳо баланд шавад, зеро вокуниши беҳтарин ба фашизм, бегонаситезӣ ва ҷудошавӣ - танҳо барои ҳама таъмин намудани баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ ва инсонӣ мебошад.

Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, оё мешавад гуфт, ки Манижа як таҳкурсии мустаҳкаме дошт, ки ба ӯ барои гузаштан аз ин ҳамлаҳову ноҷавонмардиҳо ёрӣ кард ва агар ҳа, маҳаки ӯ чӣ аст, ки шояд бисёр дигарон надоранд?

Максим Шевченко: Аввалан, тавре ки ман мефаҳмам, Манижа дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст, ки ин гирифтани маълумоти хубро ба ӯ имконпазир кард. Такрор мекунам - вай ба забони русӣ олӣ ҳарф мезанад ва аз рӯи тарзи сурудхониаш маълум, ки метавонад ба лаҳҷаҳои гуногуни Русия тақлид кунад. Ин бартарии иҷтимоии вай аст, ки одамони дигар надоранд. Ва дуввум, албатта, заҳматҳои ӯро қайд карданӣ ҳастам. Шумо наметавонед дар мусиқии поп муваффақ шавед, агар шахси заҳматкаш набошед, барои муваффақият пайваста кор бояд кард. Аммо ман ҳоло дар ҳамин марҳила Манижаро як овозхони бузург намеҳисобам. Ӯро роҳи дарозе дар пеш аст. Ва намегӯям, ки ман мухлиси истеъдоди ӯ ҳастам. Вале ӯ падидаи хеле ҷолиб аст ва бояд чунин бимонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шевченко дар бораи COVID-19: Дар миёни муҳоҷирони корӣ эпидемияи воқеӣ ҳаст
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Максим Шевченко: Дар марги Умаралӣ ҳар яки мо гунаҳгорем
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Максим Шевченко: “Сиёсати Русия бояд аз реша дигар шавад”