Дар Узбекистон зиреҳпӯши истеҳсоли маҳаллиро меозмоянд

Зиреҳпӯши низомии TARLON

Дар Узбекистон зиреҳпӯши низомии TARLON, ки дар дохили ин давлат истеҳсол шудааст, озмоиш мешавад. Дар ин бора Кумитаи давлатии саноати низомии Узбекистон хабар дод. TARLON бо фармоиши Неруҳои мусаллаҳи Узбекистон сохта шудааст. Ин зиреҳпӯш иқтидори интиқоли 11 касро дорад ва дар асоси талаботи байналхалқӣ сохта шудааст.