Оҷонсии кайҳони Русия гуфт, ки як ҳунарпешаи зан ва як коргардони маъруфи рус барои нақшофарӣ дар филме дар кайҳон интихоб шудаанд. Роскосмос рӯзи 13-уми май хабар дод, ки Юлия Пересилд ва Клим Шипенко рӯзи 5-уми октябр савори киштии кайҳонии «Союз МС-19» аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон ба самти Истгоҳи ҳавоии байналмилалӣ парвоз мекунад. Қарор аст тамрини ҳунармандон на дертар аз 1-уми июн шурӯъ шавад ва дар доираи ин машқҳо ҳунарпешаҳо дар дохили сентрифугаҳо чарх мезананду бо чатрҳо аз баландии ҳавопаймо парвозҳо анҷом медиҳанд.
Филм бо исми пешакии “Чолиш” (“Вызов”) муаррифӣ шуда, дар бораи як амалиёте дар мадор ва бозгашти билофосилаи тими кайҳоннавардон ба Замин қисса мекунад. Ҷараёни омодагиҳо ва наворгирии филм дар як филми ҳуҷҷатии ҷудогонае аз ҷониби шабакаи аввали телевизион ва Роскосмос тақдим мешавад. Муаллифони ин тарҳ мегӯянд, ки умедворанд ин филм барои боло бурдани таваҷҷӯҳ ва муҳаббати мардум ба улуми кайҳонӣ мусоидат мекунад. Юлия Пересилд 36 сол дошта, дар чандин филмҳои маъруфи солҳои охир нақш бозидааст. Шипенко 37-сола буда, чандин ҷоизаҳои касбӣ гирифтааст ва дар мавзӯи кайҳон филми “Салют-7”-ро ҳам бардоштааст.
Хабари Роскосмос дар ҳоле нашр шуд, ки соли гузашта оҷонсии NASA-и Амрико гуфт, ки ният дорад дар фосилаи 350 км аз Замин бо ширкати ситораи Ҳолливуд Том Круз як филм дар бораи кайҳон наворбардорӣ кунад. Маълум нест, ки таҳияи филми амрикоиҳо кай сурат мегирад.