Натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳриро дар Бишкек бекор карданд

Ройдиҳӣ дар интихобот, Бишкек, 11-уми апрели 2021

Комиссияи интихоботии шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, дар ҷаласае рӯзи 12-уми май натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳриро бекор кард.

Масъулони Комиссия гуфтанд, ба далели аз маъракаи интихоботӣ берун кардани ҳизбҳои "Эмгек", "Оқ-Бата" ва Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳрӣ бекор шуданд.

Ҳамакнун масъалаи мазкурро Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон баррасӣ хоҳад кард.

Интихоботи маҳаллӣ дар Қирғизистон рӯзи 11-уми апрели имсол баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизби сиёсӣ мубориза мебурданд.

Танҳо 6 ҳизб: "Эмгек", "Оқ-Бата", Ҳизби халқӣ-демократии Қирғизистон (ҲХДҚ), "Ота-Журт Қирғизистон", "Интимик", "Бизден Эл" садди 7 дарсадиро убур карда, вориди порлумон шуданд. Аммо дертар Комиссияи интихоботии Бишкек ҲХДҚ, "Эмгек" ва "Оқ-Бата"-ро ба далели харидани раъйи мардум аз маъракаи интихоботӣ берун кард.

Пештар аз ин Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ дар шаҳрҳои Ӯшу Токмакро ҳам бекор карда буд.