Тирандозӣ дар як мактаби Қазон. Куштаҳо ва захмиҳо. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тирандозии маргбор дар гимназияи Тотористон

Рӯзи 11-уми май дар шаҳри Қазон дар натиҷаи тирандозӣ дар гимназияи рақами №175-уми воқеъ дар қисмати шарқии пойтахти Тотористон, ба иттилои манбаъҳои мухталиф аз 9 то 11 нафар кушта шуд. Аксари онҳо мактабхон мебошанд. Дафтари матбуоти президенти Тотористон вам ҳам вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки 7 нафари кушташудаҳо талабаи гимназия ва як нафарашон муаллима будааст. Вазорати тандурустии Тотористон гуфт, беш аз 20 нафар, аксар мактаббачаҳо, бистарӣ шудаанд. Шаш нафар дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ ҳастанд. Як нафар боздошт шудааст, бархе расонаҳо дар бораи ҳамлагари дуюм ҳам навиштанд, вале вазорати дохилии Тотористон инро рад кардааст. Шоҳидон гуфтанд, ки дар мактаб, ба ҷуз тирандозӣ, инчунин як ё чанд таркиш рух дод.

“Чор таркиш буд. Тамоми дарҳо фурӯ рехтанд. Се писар қариб буд аз тиреза ба поён мепариданд. Афсарони полис омада моро аз синф берун карданд”, гуфт яке аз шоҳидҳо.

Шогирдони гимназияро сохторҳои ҳифзи қонун аз тиреза ба берун бароварданд. Дар вебсайти мактаб навишта шудааст, ки ин ҷо ҳазор хонанда таҳсил мекунад. Ҳамла дар соатҳое рух дод, ки дар гимназия дарс ҷараён дошт.

Тибқи иттилои пешакӣ, ҷавони 19-сола бо номи Илноз Галявиев боздошт шудааст. Бархе менависанд, ки ӯ дар гузашта дар ҳамин гимназия таҳсил мекард ва чор сол пеш ба коллеҷ рафт. Эҳтимолан ӯ донишҷӯи коллеҷи назди ТИСБИ ё Донишгоҳи идоракунии Тотористон будааст. Як фарзия ин аст, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла ба мактаб Галявиев дар Телеграм саҳифа кушода, ба куштор даъват мекард. Дар ин саҳифа дар бораи эҳтимоли ҳамла ба мактаб чизе гуфта нашудааст. Ҳоло ин саҳифа баста мебошад

Президенти Тотористон Рустам Миннихонов тасдиқ кард, ки ҳамлагар 19 сол дошта, ба номи ӯ силоҳи расман сабтшуда вуҷуд дошт. Иттилои пешакӣ ин аст, ки ин силоҳ – милтиқи шикории навъи Ҳатсон Эскорт буда, 28-уми апрел ба қайд гирифта шуд. Аз рӯи моддаи куштори ду ва зиёда нафар парванда боз шудааст. Рӯзи 12-уми май дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки президент Владимир Путин дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шудааст. Путин амр додааст, ки қоидаҳои ба даст овардани силоҳ ташдид дода шаванд.

Тибқи иттилои пешакӣ, як ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт шудааст. Пеш аз ин бархе хабаргузориҳо гуфтанд, ки ҳамлагарон ду ё се нафар мебошанд, вале ҳанӯз инро дақиқ гуфта намешавад.

Вебсайти Mash мегӯяд, ки нафари боздоштшуда 19 сол дошта, номаш Илноз Галявиев мебошад. Вебсайт гуфтааст, ки ин ҷавон дар гузашта шогирди ҳамин гимназия буд ва чор сол пеш барои идомаи таҳсил ба техникум рафт. Ӯ ба полис гуфт, ки дар дохили хонааш бомба гузошта шудааст. Дар шабакаҳо саҳнаи боздошти ӯ нашр шуд.

Хабаргузории Интерфакс бо аткя ба маъмурияти мактаб гуфт, ки тирандозиро яке аз шогирдони 17-солаи ҳамин мактаб шурӯъ кард. Ӯ бо силоҳ ба мактаб ворид шудааст, ки он ҷо ҳамсинфонаш мехонданд. Аз ин хотир, эҳтимол меравад, ки ҳамлагарон ду нафар буданд.

Ҳоло ин нафар шояд, ки дар ошёнаи чоруми бинои мактаб маҳкам карда шудааст.

Телеграм-канали Mash гуфт, ки ин ҷавон ҳангоми амалиёти полис кушта шуд, вале расман ин хабар тасдиқ нашудааст.

Солҳои охир дар мактабҳои Русия чандин ҳамла бо истифода аз силоҳ рух додааст ва маъмулан ин корро собиқ шогирдони ҳамин мактабҳо анҷом додаанд.