Ду вакили мудофеи байнулмилалӣ барои ҳалли қазияи Иззат Амон, раиси боздоштшудаи "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ба Додгоҳи аврупоӣ муроҷиат кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Иззат Амон ғайриқонунӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум, рабуда ва сипас ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Дар ин бора кормандони "Маркази тоҷикон" дар Маскав рӯзи 10-уми май хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дархостҳо ба ниҳодҳои Русия дар мавриди чӣ гуна дастгир ва аз ҳудуди ин кишвар берун бурда шудани Иззат Амон беҷавоб мондааст.
Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон "пайдо шуд".
Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ӯро ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" гунаҳкор кард. Дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам аст. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.
Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ-гоҳ кумаки молӣ мерасонд.
Ҳоло ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе нигоҳ медоранд. Писараш, Муҳаммадюсуф Холов, мегӯяд, 20 рӯзи охир имкони мулоқот бо падарашро надорад.
Кормандони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки раҳбарии онро феълан Сӯҳроби Ҷаҳон ба уҳда дорад, гуфтанд, марказ пурра кор мекунад ва ҳамарӯза тақрибан то 15 муҳоҷири тоҷик бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.