Додгоҳи шаҳри Турсунзода сокинеро, ки мегуфт, додрасе аз ӯ хостааст, гуноҳро ба дӯш бигирад, озод мешавад, авф кардааст. Як додраси додгоҳ, ки аз парванда огоҳ аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Нарзулло Каримов, сокини шаҳри Турсунзода рӯзи 27-уми апрел бар асоси қонуни авфи ахир (Соли 2019) эълон гардид.
Ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, афзуд, ҷонибҳои баҳс аз қарори додгоҳ эътирозе накардаанд. Ин додраси додгоҳи Турсунзода аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард, вале гуфт, ба зудӣ қарори додгоҳ ба ҳарду тараф дода мешавад.
Нарзулло Каримов моҳи майи соли гузашта барои "ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" нисбат ба Сайёра Олимова, сокини шаҳри Турсунзода, ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Нарзулло Каримов, ки ба "дастдарозӣ" ба ҳамдеҳааш муттаҳам мешуд, мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. То ҳол назари Сайёра Олимова ба қарори додгоҳ маълум нест. Ӯ рӯзи 20-уми апрел дар як сӯҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҷабрдида аст, вале ҳеч даъвое нисбат ба Нарзулло Каримов надорад: "Пештар нисбат ба ӯ ҳукм баромада буд, намедонам, аз чӣ бошад, боз маро даъват карданд."
Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми апрел дар бораи қазияи Нарзулло Каримов гузориш дод ва ӯ мегуфт, ки иттиҳом ба зидди ӯ беасос аст. Хонаводаи ин сокини Турсунзода мегӯянд, бо вуҷуди бегуноҳ буданаш дар ташвиш буданд, ки маҳкум ба зиндон мешавад.
"Зарари зиёде ба мо расид"
Ҳусноро Рӯзиева, ҳамсари Каримов дар як тамоси телефонӣ гуфт, пас аз нашри гузориш дар бораи қазияи шавҳараш парвандаи ӯро дар додгоҳ ҷиддӣ гирифтанд ва дар ниҳоят аз ҷавобгарӣ озод карданд. "Хеле саргардонӣ доштем, ба мо бисёр зарар расид, баъди нашри гузориш муомилаашон низ дигар шуд, ҳама чиз тағийр ёфт" - афзуд, Ҳусноро Рӯзиева, ҳамсари Нарзулло Каримов.
Нарзулло Каримов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳом ба зидди ӯ исбот нашуд ва ӯ низ то охир ба бегуноҳияш таъкид мекард. Каримов афзуд, азбаски ташвишҳои зиёдеро паси сар кард, ҳоло бо ҳукми авф, ки ба парвандааш нуқта мегузорад, розӣ аст.
Қаблан ин сокини шаҳри Турсунзода иддао дошт, ки додрасе аз ӯ хостааст, гуноҳро ба дӯш бигирад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд. Дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода иддаои мардро инкор карда, гуфта буданд, ки баррасии парвандаи Каримов "дар чаҳорчӯби қонун" сурат мегирад. Ба қавли Нарзулло Каримов, шахсе, ки пофишорӣ мекард, ӯ гуноҳро ба гардан гирад, додрасе аст, ки як сол пеш нисбат ҳукм баровард, аммо онро беэътибор карданд.
Достони дастдарозӣ ба ҳамдеҳа
Нарзулло Каримов моҳи майи соли гузашта ба 5 соли зиндон маҳкум гардид. Додраси парванда ӯро бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ шартан аз ҳабс озод карда, нисбат ба ӯ "як соли назорати санҷишӣ ва бе огоҳӣ берун нарафтан аз макони зист"-ро татбиқ кард. Ин ҳукм баъдан беэътибор шуд ва парванда дар додгоҳи Турсунзода аз нав баррасӣ шуд.
Дар додгоҳи Турсунзода аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ дар бораи ҳукми Нарзулло Каримов худдорӣ мекунанд. Рӯзи 20-уми апрел ба мурофиаи додгоҳии Нарзулло Каримов дар Додгоҳи шаҳри Турсунзода хабарнигори Радиои Озодиро роҳ надоданд.
Рӯзи 29-уми апрел Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба номаи расмии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми қаблии Каримовро бар асоси эътирози назоратии Додситони кулл бекор намудаанд. Дар ҷавоб гуфта шудааст, ки "ҳукм бо сабаби ба ҷинояти содиршуда мувофиқ набудани ҷазои таъингардида бекор шуда буд..."
Як нигаронии хонаводаи Нарзулло Каримов, аз ҷумла шикояти ҳамсари ӯ ин аст, ки онҳоро барои ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ иҷоза намедоданд. Ҳамсари Каримов гуфт, танҳо дар рӯзи эълони ҳукм тавонист, дар мурофиа ширкат кунад. Додгоҳи олӣ мегӯяд, парвандаи Нарзулло Каримов баси дарҳои баста сурат гирифтааст.
Баҳси Нарзулло Каримов ва Сайёра Олимова, сокинони шаҳри Турсунзода ду сол қабл шурӯъ шуд. Ҳарчанд дар қарори пешинаи додгоҳ навишта шудааст, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ дастдарозии Каримовро ба ҷабрдида тасдиқ кардааст, худи мард мегӯяд, "натиҷаи ташхис бардурӯғ буда, ба таври шаффоф сурат нагирифтааст".
Ӯ гуфт, шикояти зан дар мавриди дастдарозӣ асос надорад. Аммо Сайёра Олимова, шахсе, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Нарзулло Каримов ба вай дастдарозӣ кардааст ва далелашро ҳам дорад.
Нарзулло Каримов мегӯяд, дар мурофиаҳо ба далелҳои ӯ, ки бегуноҳияшро собит мекард, таваҷҷуҳ намешуд. Шикоятҳо аз шеваи баргузории мурофиаҳои додгоҳӣ ва адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо садо додааст. Вале мақомот пайваста ба вуҷуди адолат ҳангоми баррасии парвандаҳо таъкид мекунанд.