Фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, ки агар Толибон бо зӯр ҳукуматро бигиранд, Иёлоти Муттаҳида онро намепазирад ва дар канори ҳукумати Кобул хоҳад истод. Залмай Халилзод рӯзи 5-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагуна талош барои ғасби қудрат дар Афғонистон ин кишварро ба як ҷанги давомдор рӯ ба рӯ мекунад ва беҳтар аст ҷонибҳо аз роҳи гуфтугӯ ба сулҳ даст ёбанд.
Суҳбати мо бо фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон дар ҷараёни сафари ӯ ба Тоҷикистон дар Душанбе сурат гирифт. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки ҳадафи сафари дигарборааш ба Тоҷикистон чист? "Ман ба ин ҷо омадам, то дар бораи авзои Афғонистон, пас аз эълони раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден, бо мақомоти тоҷик суҳбат кунам", -- посух дод Залмай Халилзод.
Аввал, ки эътимод нест. Бисёр мушкил аст, ки баъд аз 20 сол ҷанг дар як муддати кӯтоҳ фикр тағйир кунад. Таҷрибаҳои баде ҳаст. Бозиҳое ҳаст, ки аз шароити феълӣ манфиат мебаранд.Залмай Халилзод
Радиои Озодӣ: Оё мақомоти Тоҷикистон аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ташвишҳое доранд? Дар суҳбат бо Шумо чизе гуфтанд?
Залмай Халилзод: Баҳсҳое доштем, ки дар Афғонистон чӣ хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида барояшон хотирҷамъӣ медиҳад, ки ҳарчанд сарбозони Амрикову муттаҳидонаш аз Афғонистон мераванд, як фасли нав дар робитаи тарафҳо ба вуҷуд меояд. Амрико мехоҳад, робитаи қавие бо Афғонистон дошта бошад, ба нерӯҳои афғонистонӣ кумак кунад. Ҳамчунон расондани ёриҳои иқтисодӣ ва ёриҳои башарӣ идома хоҳад кард. Баъд аз эълони раиси ҷумҳур робитаи қавиро бо минтақа як зарурати шароити ҳозира медонем. Дар бораи робитаи қавитар бо кишварҳои минтақа, бо шумули Тоҷикистон, баҳс кардем.
Радиои Озодӣ: Пешниҳоди Амрико дар бораи ҳукумати интиқолии сулҳ дар Афғонистон ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Муовини аввали раиси ҷумҳури ин кишвар Амруллоҳ Солеҳ онро “санади нанг” хонд ва гуфт, ҳеч гоҳ зери он имзо намегузорад. Гузориш шуд, ки дар сафари охиратон ба Кобул гузориш ин нақшаи навро рӯи миз гузоштед. Мешавад дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ бигӯед?
Залмай Халилзод: Ҳадафи пешниҳоди аввале, ки мо кардем, ин буд, ки ду тараф - Толибон ва ҳукуматро ташвиқ кунем, то дар бораи масоили асосии музокираи сулҳ суҳбат кунанд. Чун музокираҳои сулҳ ба суръати лозим пеш намерафт ва рӯи масоили асосӣ барои оянда баҳс шуруъ нашуда буд. Мо мехоҳем, ки Афғонистон ҳарчӣ зудтар ба сулҳ бирасад. Аксуламал аз чизе, ки Шумо гуфтед, фарқ дошт. Аксуламали бисёр зиёде аз афғонҳо ба даст омад. Тақрибан 30 тарҳро худи афғонҳо пешниҳод карданд, ки баъзеаш қабули асосҳое буд, ки мо пешниҳод кардем ва баъзеҳо фарқ ҳам дошт. Ҳозир афғонҳо талош карданд ва аз 30 тарҳ тақрибан ба 2 тарҳ расиданд ва мо умед дорем, ки тавонанд ба як тарҳ бирасанд. Толибон ҳам як тарҳе аз худ пешниҳод кунанд, ки мешавад дар музокира аз ду тарҳ билохира ба як тарҳ ва дар ниҳоят ба як мувофиқаи сиёсӣ бирасанд. Ҳадаф аз пешниҳод ин набуд, ки чизе мо пешниҳод кардем, имзо шавад, на. Ҳадаф аз ин пешниҳод ин буд, ки чӣ гуна ба музокираи сулҳи Афғонистон суръат бахшем.
Радиои Озодӣ: Дар бораи пешниҳоди Амрико, албатта, расонаҳо ҷузъиётеро нашр карданд, аммо мешавад аз забони Шумо нуктаҳои асосии тарҳи Амрикоро шунавем?
Залмай Халилзод: Чизи наве набуд, ки дар сафари ахир ман пешниҳод карда бошам. Ин пешниҳоди чанд ҳафта қабл аст. Ин буд, ки барои расидан ба сулҳ аввал бояд рӯи баъзе принсипҳои куллӣ байни ҳарду тараф мувофиқа шавад. Мо як теъдоде аз он принсипҳои куллиро барои оянда дар он ҷо дарҷ кардем. Он принсипҳо аз баҳсҳое, ки байни Толибон ва афғонҳои дигар, ки дар гузашта шуда буд, масалан дар маҷлис дар Доҳа дар соли гузашта, аз он истифода кардем. Дувум, баъд аз қисмати мувофиқа дар асосҳо ё дар принсипҳои умумӣ барои давраи интиқол пешниҳод кардем, ки як ҳукумати интиқолӣ ё мушоракати ду тараф шавад ва қисмати севум оташбаси доимӣ ва куллӣ буд.
Радиои Озодӣ: Вале бо хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз хоки Афғонистон гуруҳи Толибон ҳамлаҳои худро ба музофотҳои гуногуни ин кишвар бештар кардаанд. Дар Твиттер ҳадди ақал яке аз ин ҳамлаҳоро, ки дар вилояти Лугар ғайринизомиёнро ҳадаф қарор гирифт, маҳкум кардед. Вале бисёре аз корбарони афғонистонӣ аз твитҳои Шумо асабонӣ шуданд ва гуфтанд, маҳз амалҳои Шумо гуруҳи Толибонро таҳрик дод, ки ҳамлаҳои худро афзоиш диҳанд. Асли он твити баҳсбарангез чӣ буд?
Залмай Халилзод: Дар ин шакке нест, ки сатҳи хушунат дар Афғонистон болост. Далеле, ки мо шуруъ кардем, масъалаи кӯшиш барои овардани сулҳ дар ин кишвар буд. На ин ки Афғонистон ором буд, ҷанг набуд ва мо омадем бо Толибон нишастем. На, ҷанг буд. Ҳадаф хатми ҷанг буд, ки мо бо Толибон нишастем, чун дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ вуҷуд надорад. Ҳама мувофиқанд, ки масъалаи Афғонистон аз роҳи ҷанг ҳал шуда наметавонад. Интихоб байни як ҷанги давомдор ва ё мувофиқаи сиёсӣ аз роҳи музокира ва хатми ҷангу омадани сулҳ аст. Кӯшишҳои мо ин аст, сатҳи хушунат поин биояд, музокирот пешрафт кунад ва ба мувофиқае бирасем.
Радиои Озодӣ: Дар бораи он твити баҳсбарангез чӣ мегӯед?
Залмай Халилзод: Ҳамлае, ки дар вилояти Лугар шуд, ҳамлаи баде буд. Ин як кори террористӣ буд, чун мулкиҳо ҳадаф буданд. Ин аввалин бор набуд, ки ман чунин твит навиштам ё пахш кардам. Дар гузашта ҳам вақте воқеаи баде сурат гирифта, мулкиҳо ҳадаф буданд, мо айни корро кардем. Чизи наве набуд.
Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Чунин дида мешавад, ки ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон бидуни гузашт дар мавқеъҳои худ истодагарӣ мекунанд. Дар чунин шароит пешгӯии Шумо барои ояндаи Афғонистон чӣ аст?
Залмай Халилзод: Аввал бояд гуфт, ки ҳадафи мо ин аст, ки ҳарду тараф барои расидан ба сулҳ кор кунанд. Толибон байни ду роҳ як интихоб доранд. Ё ин ки аз роҳи ҷанг бихоҳанд мушкили Афғонистонро ҳал кунанд. Агар ин файсаларо кунанд, Афғонистон ба як ҷанги давомдор рӯ ба рӯ хоҳад буд. Дар он сурат табъан ҳукумати Афғонистон муқобила хоҳад кард ва мо аз ҳукумат тарафдорӣ хоҳем кард. Ва фишорҳо болои Толибон давом хоҳад кард. Ҳеч кишваре ҳозир нест, ҳукуматеро ба расмият шиносад, ки бо истифода аз зӯр рӯи кор омадааст. Чунин ҳукумат дар инзиво хоҳад буд. Аммо агар интихоб кунанд, ки аз роҳи музокира як ҳукумати ҳамашумул ба вуҷуд ояд ва бар асоси принсипҳое, ки қобили қабули ҷаҳон аст, кор кунанд, он ҳукумат аз тарафи ҷаҳон қабул мешавад ва кумакҳо ба Афғонистон давом мекунад. Афғонистон ба кумакҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад. Ин як интихобе аст, ки мутаваҷҷеҳи Толибон аст, вале зарур аст, ки ҳукумат ва афғонҳои дигар ҳам дар ин кор ҳамдаст шаванд. Ихтилофе, ки агар дар байни сиёсатмадорони афғон изофа шавад, мушкилоти дигареро ба вуҷуд меорад.
Радиои Озодӣ: Бо гузашти 8 моҳ аз музокироти гуруҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон ҳеч пешрафти назаррасе дида намешавад. Фикр мекунед, дар чунин шароит, чӣ умеде мондааст, ки гурӯҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон ба як созише бирасанд?
Залмай Халилзод: Аввал ин ки ҳукумат ва Толибон бо ҳам дар музокира ҳастанд. ин як масъалаи ҳаётӣ ва таърихӣ аст. Дар 40 соли гузашта ду тарафи афғонӣ, ки бо ҳам дар ҷанг буданд, пушти мизи музокирот нанишастанд. Пас, ин як қадами мусбат аст, ки онро бояд шинохт. Дувум инки баъзе пешрафтҳое сурат гирифта дар музокирот ва рӯи принсипҳо ва тарзи кор мувофиқа кардаанд.
Баъзеҳое ҳастанд, ки шароити феълиро мехоҳанд давом диҳанд. Аз сулҳ метарсанд, ки манфиаташон дар хатар хоҳад буд, курсиашонро аз даст хоҳанд дод. Аммо ҳақиқат ин аст, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад.Залмай Халилзод
Радиои Озодӣ: Ин тавофуқ дар моҳи декабр буд ва баъди он мо дигар шоҳиди ҳеч пешрафти назаррасе нашудем.
Залмай Халилзод: Ман ҳам бо Шумо мувофиқам, ки пешрафти лозим сурат нагирифтааст. Барои ин ки пешрафти лозим сурат бигирад, аввал масъулияти ду тараф аст. Аммо кӯшиш кардем, барои пешрафти бештар ҳамчун кумакрасон қарор бигирем. Аз ин нигоҳ буд, ки ин пешниҳодро ба хизматашон тақдим кардем. Ҳамчунон ҳоло хоҳиш кардем, ки Созмони Милал нақши муҳимтаре бозӣ кунад. Яке аз камбудҳои музокирот ин аст, ки миёнҷие дар байн набудааст. Бар асоси таҷриба дар дигар нуқтаҳои дунё, ки мушкилоте мисли Афғонистон доштанд, миёнҷӣ роли хубе дошт ва аз он истифода шавад. Севум маҷлиси калонҳо ё ашхоси муҳими ду тарафро Туркия пешниҳод кардааст. Бо шумули СММ ва Қатар, он ҳам қадами мусбате аст. Аммо дар ниҳоят файсала барои пешрафт масъулияти ду тараф аст.
Радиои Озодӣ: Бо муваффақона пеш нарафтани музокираҳо дар Қатар ҳоло ҳама чашмҳо ба сӯи нишасти Истанбул аст. Оё нишасти Истанбул ба маънои як нишасти дигар чун нишасти Бонн аст ва масъалаи тағйири ҳукумати феълӣ ба як ҳукумати интиқолӣ матраҳ аст?
Залмай Халилзод: Нишасти Бонн дар шароити махсусе ба вуҷуд омад ва файсалаҳои муҳимеро барои Афғонистон кард. Ин шароити феълӣ аз он вақт фарқ дорад. Аммо маҷлиси Истанбул як маҷлиси муҳиме хоҳад буд ва барои он маҷлис омодагӣ лозим аст. Як шонс ҳаст, ки пешрафт дар он ҷо сурат бигирад ва як қадами мусбат аст. Мо тарафдори маҷлис дар Истанбул ҳастем ва умедворам, ки Толибон ҳам қабул кунанд ва дар конфронси Истанбул ширкат кунанд.
Радиои Озодӣ: Шумо аз ҷузъиёти нишаст шояд огоҳӣ доред. Мешавад бигӯед, ки дар ин нишаст оё масъалаи ҳукумати интиқолӣ дар назар ҳаст ё не.
Залмай Халилзод: Ҳама ба ин мувофиқа расидаанд, ки барои расидан ба сулҳ дар шароити феълӣ, мумкин ба як давраи интиқол зарурат бошад. Як ҳукумати сулҳ барои як давраи интиқол бошад, ки ширкати ду тараф бошад. Ин ки ин ширкат доштан чӣ гуна сурат мегирад, давраи интиқол чӣ муддат мебошад ва ташкили давлати интиқол чӣ гуна мебошад, дар бораи қонуни асосии Афғонистон, дар бораи чизҳои дигар бояд афғонҳо миёни ҳам баҳсу музокира кунанд ва ба як мувофиқае бирасанд.
Радиои Озодӣ: Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳангоми сафараш ба Душанбе ишораҳое дар бораи ҳукумати интиқол кард ва қарор буд, ки дар нишасти Истанбул тарҳи пурраро рӯнамоӣ кунад. Аммо мехостам пурсам, ки Амрико ин ҳукумати интиқолиро чӣ гуна дидан мехоҳад?
Залмай Халилзод: Мисле, ки Шумо гуфтед, ин бояд аз ду тарафи афғонӣ ҳаллу фасл шавад. Амрико план ё пешниҳоде надорад, ки сараш пойфишорӣ кунад, ки ҳатман ба ин шакл ё барои ин муддат ҳукумати интиқолӣ ё ҳукумати сулҳ ба вуҷуд биояд. Аммо Амрико ҳозир аст, барои пешрафт дар музокирот ва барои расидан ба сулҳ барои мардуми Афғонистон ёрӣ кунад. Ин сулҳ на танҳо барои афғонҳо, балки барои минтақа муҳим аст. Сулҳ дар Афғонистон шонси ҳарчи пешрафти бештар дар равобити иқтисодӣ, тиҷорат дар ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Осиёи Ҷанубӣ ва расидан ба роҳҳои байнулмилалӣ аз роҳи расидан ба бандарҳо дар Покистон муфид аст. Хатари терроризмро камтар месозад. Пас ин масъалаи муҳиме аст ва Амрико ҳам мехоҳад, баъди тақрибан 20 соли будан дар Афғонистон як мероси хубе бигзорад. Пас, мо аз нигоҳи манофеъ ва арзишҳое, ки дорем, мехоҳем фоидарасони мардуми Афғонистон ва ду тарафе, ки дар ҷанг ҳастанд, бошем. Аммо робитаи мо бо ҳукумати Афғонистон ва қувваҳои амниятӣ, ки сармояи миллии Афғонистон аст, давом хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Суоли баъдии ман ҳам дақиқан дар ин бора буд. Агар ҳукумати Кобул дар остонаи як суқути ҷиддӣ қарор гирад, Вашингтон оё ягон мудохилае хоҳад кард?
Залмай Халилзод: Мо ба кумакҳои худ ба ҳукумат ва қувваҳои амниятии Афғонистон давом медиҳем ва дар айни замон кӯшишҳои худро барои расидан ба сулҳ ва муваффақият дар музокирот байни афғонҳо давом хоҳем дод.
Радиои Озодӣ: Баъзе аз коршиносон аз эҳтимоли сар задани ҷанги қавмӣ дар Афғонистон нигарон ҳастанд. Заминаи чунин ҷанге ба назари Шумо то куҷо дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон пухта расидааст?
Залмай Халилзод: Афғонистон дубора дар як марҳилаи таърихӣ аст ки ду интихоб вуҷуд дорад. Яке ин ки аз мушкилоту таҷрибаҳои гузашта панд гирифта, иштибоҳи гузаштаро такрор накард. Мо дидем, ки баъд аз баромадани қувваҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ҷанги дохилӣ шиддат пайдо кард, Кобул хароб шуд. Бояд аз он панд гирифт. Роҳбарони Толибон, ҳукумати Афғонистон, сиёсиҳои бономи Афғонистон аз ин панд бигиранд ва нагузоранд, ки Афғонистон таҷрибаи талхи гузаштаро такрор кунад. Интихоби дигар ин аст, ки ба як формуле, ки мавриди қабули афғонҳо бошад, мувофиқа сурат гирад. Ин мувофиқа қабули васеъ дар дохил дошта бошад ва ҷаҳон бахусус кишварҳои минтақа тавонанд аз он пуштибонӣ кунанд.
Радиои Озодӣ: Вале нигарониҳо дар бораи сар задани як ҷанги дигар баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ то куҷо ҷой дорад?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар мизбони низомиёни Амрико мешаванд?Залмай Халилзод: Табъан ҳама нигарони хатари як ҷанги давомдор ҳастанд. Чун мушкилот барои мардуми Афғонистон, минтақа ва дунё ба вуҷуд хоҳад овард. Бояд ҳама кӯшиш кунем. Масъулияти аввал аз худи афғонҳо аст. Ҳам минтақа, дунё ва Амрико ҳам ин ҳисси масъулиятро дорад, ки кӯшиши ниҳоии худро кунем, то барои расидан ба сулҳи боиззат ва давомдор кумакрасони афғонҳо шавем. Ташвиқ кунем, ҷойе, ки бунбаст меояд, роҳи ҳалли онро пайдо кунем. Афғонҳоро барои расидан ба мувофиқа барои пешрафт ҳамкорӣ кунем.
Радиои Озодӣ: Ҷаноби Халилзод, бо оғози музокироти ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон мушоҳида мешавад, ки Толибон ҳеч қадами бузурге дар роҳи расидан ба сулҳ набардоштааст. Аз ширкат дар нишасти Истанбул ҳам худдорӣ карданд. Дар чунин шароит бархеҳо эҳтимоли дубора ба қудрат расидани Толибонро хеле зиёд мебинанд. Фикр мекунед, то куҷо ин имкон вуҷуд дорад?
Залмай Халилзод: Як вақтҳое Толибон мегуфтанд, ки мо бо ҳукумат намешинем. Ҳозир нишастанд, ин худаш як қадами мусбат аст. Дувум инки агар Толибон аз роҳи ҷанг бихоҳанд қудратро бигиранд, онро қабул намекунем. Мо ба Толибон возеҳ сохтем, ки ду роҳ барояшон вуҷуд дорад. Ё аз роҳи музокира ва ҳар чизе, ки афғонҳо мувофиқа карданд, марбути афғонҳост. Мо барояшон гуфтем, дар таърихи 40 соли гузашта натиҷаи кӯшиши гуруҳе барои бо зӯр таҳмил кардани назар ва ё ҳукумати худ дар Афғонистон ҷанг шудааст. Файсалаи аз роҳи ҷанг қудратро гирифтан маънои ҷанги давомдор хоҳад буд дар Афғонистон. Бояд онҳо ҳам панд бигиранд. Аммо зарурат ба тарафи дигар ҳам ҳаст, ки рӯйи як формул мувофиқа кунанд, ки мавриди қабули аксарияти мардум дар Афғонистон бошад. Кӯшишҳои мо ҳам ҳамингуна аст, ки чунин қадаме гирифта шавад. Кор осон нест. Ҷанг мушкилоти худро дорад. Агар осон мебуд, ин кор барвақтар сурат мегирифт. Аммо роҳи беҳтаре вуҷуд надорад аз ин.
Радиои Озодӣ: Ҳол он ки ҳарду тараф мегӯянд, мехоҳем сулҳ кунем, пас ба назари Шумо кадом монеаҳое вуҷуд дорад?
Залмай Халилзод: Аввал ки эътимод нест. Бисёр мушкил аст, ки баъд аз 20 сол ҷанг дар як муддати кӯтоҳ фикр тағйир кунад. Таҷрибаҳои баде ҳаст, бозиҳое ҳам ҳаст, ки аз шароити феълӣ манфиат мебаранд. Баъзеҳое ҳастанд, ки шароити феълиро мехоҳанд давом диҳанд. Аз сулҳ метарсанд, ки манфиаташон дар хатар хоҳад буд, курсиашонро аз даст хоҳанд дод, масоил печида аст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад. Роҳи дигар маъноаш ин ҷанги давомдор аст, ки на мардуми Афғонистон онро мехоҳад ва на ба манфиати ҳамсояҳои Афғонистон аст. Бояд аз ин шонси таърихие, ки афғонҳо муқобили якдигар нишастаанд, истифода кунанд ва дунё ҳам ҳамкори хуб барои афғонҳо бошанд. Дар ин сафари пурхатар афғонҳоро кумак кунанд, ки Афғонистон ба сулҳу оромӣ бирасад.
Радиои Озодӣ: Дар оғози суҳбат гуфтед, ки сулҳи Афғонистон ба як миёнҷигӣ зарурат дорад, ки миёни ту дараф ройзанӣ кунад.
Залмай Халилзод: Миёнҷигӣ, яъне кумаккунанда.
Радиои Озодӣ: Бале, вале фикр мекунед ин миёнҷӣ кӣ буда метавонад? Созмони Милал, кишварҳои минтақа...
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Магар Толибон дигар ва “раҳмдил” шудаанд? Мардум мегӯянд, на.Залмай Халилзод: Мешавад, ки Созмони Милал. Дар нишасти Истанбул гуфтанд, ки кумак аз тарафи Созмони Милал, Туркия ва Қатар сурат хоҳад гирифт. Мешавад, дар оянда як формуле барои кумаккунанда ё миёнҷӣ пайдо шавад. Дар ҳоле ки Қатар як роли муҳимеро бозӣ кард, мешавад, Созмони Милат дар баробари Қатар дар ин масъала ёрӣ кунад. Таҷрибаи зиёд доранд. Таҷрибаи кишварҳое, ки аз ҷанг ба сулҳ расиданд, нишон медиҳад, будани як кумаккунанда ё миёнҷӣ метавонад мусбат ва барои пешрафт ёрӣ мекунад.