Бо гузашти панҷ рӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи хисороту вайрониҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистон оморе нашр накарданд, вале хабарнигорон ба деҳаи Хоҷаи Аълову Сомониёни Исфара рафта, шоҳиди харобиву вайронии зиёде шуданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи даргириҳои рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел 78 хона дар вилояти Ботканд осеб дидааст.
Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ рӯзи 1 ва 2-юми май ба деҳаҳои Хоҷаи Аълову Сомониёни Исфара рафта, хонаву мошинҳои сӯхтаро дид. Манобеъ гуфтанд, ба иттилои муқаддамотӣ, дар ҷараёни муноқиша дар ин ду деҳаи ҷамоати Чоркӯҳ камаш 20 хонаву иншоот вайрон шудааст. Мақомоти расмӣ чизе нагуфтаанд.
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми май ба деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак рафта, хонаҳову иншооти иҷтимоии сӯхтаро дид. Ягона мактаби деҳа низ вайрон шудааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълон кард, ки дар деҳаи Мақсат 11 хона осеб дидааст.
дар марз чӣ гузашт? муфассал дар ин ҷо хонед:
1 МАЙ. Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси доимӣ ва пас бурдани нерӯҳо аз хатти марз созиш карданд30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид