Сӯхтору таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Сӯхтор дар Душанбе

Дар маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифтааст. Алангаи сӯхтор то ҳадде баланд аст, ки дуди онро аз канораҳои пойтахт ба осонӣ дидан мумкин аст.

Лаҳзаи таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Навор аз як корбари Радиои Озодӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таркиш дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе

Мақомот ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надоданд. Дар Хадамоти оташнишонӣ гуфтанд, дар ин бора дертар иттилоъ медиҳанд.

Лаҳзаи таркиш ва баъди он, навор аз як корбари Радиои Озодӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Лаҳзаи сӯхтор ва таркиш дар як нуқтаи бензинфурӯшӣ дар Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтӣ, нахуст дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркиш сар зада, баъдан сӯхтор ба амал омадааст. Ба кадом ширкат тааллуқ доштари нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дақиқ нест. Хабарнигори мо дар ҷойи ҳодиса аст. Ӯ мегӯяд, ба камияш даҳ мошини оташнишонӣ барои фурӯш нишондани сӯхтор кор мекунанд.