Бемории ҳамагир дар Тоҷикистон кай "меҳмон" шуд, кай "рафт"? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Беморие, ки аз охири соли 2019 то кунун дар ҷаҳон ба тақрибан 150 миллион кас сироят карда, боис ба марги беш аз 3 миллион нафар шудааст, ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд. Мақомот мегӯянд, дар ин муддат зиёда аз 13 ҳазор нафар бемор шуда, 90 нафар ҷон бохтанд, аммо шубҳаҳо дар мавриди дурустии омор ҳамчунон боқист.

Нобоварӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки бо вуҷуди маргҳои пайиҳаму дафнҳои шубҳаовар ва таъкидҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот мавҷудияти бемориро инкор ва ба таҷлили маъракаҳои расмӣ, аз ҷумла Наврӯзи соли 2020 иҷозат доданд.

Он вақт буд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус масҷидҳоро бастанд. Баъзе аз мардум қарорро ҳадафмандона хонданд, чун дар он шабу рӯз бозору мактабҳо фаъолият доштанд.

Ҳарчанд расман вуҷуди коронавирусро дар Тоҷикистон рад мекарданд, аз охири моҳи март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳо ба кишвар манъ шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Карантини аъзои як оила дар деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. АКС

Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми апрел хабари марги як сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз бемории монанд ба СOVID-19 ва карантин шудани ҳайати кории як бемористон нашр кард. Рӯзи дигараш масъулони тандурустии ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд нишастҳои хабарӣ барпо ва ин маълумотро рад ва танҳо баъди даҳ моҳ дурустии онро эътироф карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи нашри хабар ва дар остонаи сафари коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ сирояти коронавирусро эълон кард. Ситоди муқобила бо бемории ҳамагир хонандагонро ба таътил фиристод.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беморие, ки дар Тоҷикистон ҳашт моҳ "меҳмон" буд

Ба дунболи он дари бозорҳову кошонаҳои ҳусн ва масоҷидро бастанд, баргузории тӯйҳоро муваққатан манъ карданд, вале дар кишвар карантини саросарӣ ҷорӣ нашуд.

Дар ин гирудор вазири тандурустии Тоҷикистонро барканор карданд, вале нагуфтанд, барои чӣ.

Дар моҳи май шумори гирифторони бемории ҳамагир дар Тоҷикистон афзуд, дар оромгоҳҳо қабрҳои селофанпеч пайдо шуд. Барои кумак аз Узбекистону Лаҳистон табибон омаданд. Дар ҳоле ки пизишкони тоҷик аз набудани маҳлулу маводи беҳдоштӣ ва лавозимоти ҳимоятӣ шикоят доштанд, сокинон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври худҷӯш ба ёрии онҳо шитофтанд.

Мақомот ҳам дар як суратҳисоби вижа барои муқобила бо коронавирус пул ҷамъ оварданд, вале то охир нагуфтанд, ки чӣ миқдор сармоя ҷамъ шуд ва ба куҷо сарф гардид. Илова ба ин кумакҳои зиёди байналмилалӣ ворид шуд. Ҳарчанд гуфта мешуд, табобат ройгон аст, бархе аз сокинон аз харҷҳои азими худ хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар охири моҳи май паст шудани шиддати сироятро эълон карданд, аммо сокинон гуфтанд, ки наздикони онҳоро барои хонадармонӣ ба манзилҳояшон ҷавоб додаанд.

Дар он шабу рӯз вакилони порлумон барои надоштани ниқоби тиббиву паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори ғалат дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд. Аммо гуфтанд, барои пинҳон доштани маълумоти воқеӣ дар бораи бемории ҳамагир муҷозот пешбинӣ нашудааст.

Аз нимаи дувуми моҳи июн мақомот ба парвозҳо бо Узбекистону Дубай ва баргузории тӯйҳо иҷозат доданд ва вазъи вобаста ба коронавирусро муътадил номиданд.

Яке аз табибони тоҷик ҳангоми муқобила бо коронавирус

Ҳарчанд дар кишвар ҷашни расмии Истиқлол баргузор нашуд, сокинон ба гаштугузор баромаданд. Мақомот он айём аз бемор шудани то чиҳил нафар дар як шабонарӯз хабар медоданд. Ин омор бидуни тағйир то охири моҳи декабр идома кард. Вазорати тандурустӣ дар моҳи январ гуфт, кишвар ба коронавирус пирӯз омад. Ҳоло дари бозору кошонаҳои ҳусн ва масҷиду мактабҳо кушодааст, вале гуруҳе аз сокинон ҳанӯз бо ниқоби тиббӣ мегарданду иддае дигар онро дар ҷайб нигоҳ медоранд.

Тоҷикистон барои халосии комил аз беморӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ду миллион доза ё воя ваксина хост, аммо то кунун ҳамагӣ 192 ҳазор воя ваксинаи «Астразенека» гирифтааст, ки бархӯрд бо он дар ҷаҳон яксон нест. Мардум ба харидани ваксинаҳои дигар дида дӯхтаанд.

Бо гузашти як сол аз замони эътирофи мавҷудияти вируси нав дар Тoҷикистон мақомот ҳамчунон ба дурустии омори худ ва баъзе аз коршиносону сокинон ба миқёси васеи беморӣ ва талафот аз он таъкид доранд.

Дар ҳамин ҳол, аз моҳи апрели соли 2021 дар давлатҳои ҳамсояи Узбекистон вуа Қирғизистон аз нав маҳдудиятҳо оғоз шуда, шумори беморон рӯ ба афзоиш дорад.