Модар ба худкушии духтари наварӯсаш бовар надорад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи минтақаи Рашт як сокини ин ноҳияро барои "ба худкушӣ расонидан"-и ҳамсари 18-солааш ба панҷ солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукми додгоҳ имрӯз содир шуда, ҳанӯз баҳукми иҷро надаромадааст. Наздикони арӯс мегӯянд, аз ин ҳукм розӣ нестанд ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.