Хонаи Озодӣ ҳукумати Тоҷикистонро "саркӯбгар" номид. Мақомдорон розӣ нестанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонаи Озодӣ, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, Тоҷикистонро кишваре аз гурӯҳи “Режимҳои худкомаи устувор” номида, гуфтааст, дар он фазои “саркӯбгарона” ҳукмрон аст. Намояндагони ҳизби ҳокими Тоҷикистон гуфтанд, бо арзёбиҳои созмон розӣ нестанд.