Сабқати дастаҳо барои роҳ ёфтан ба ҳаштякфинали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё

Бозигарони "Истиқлол" пас аз пирӯзӣ бар "Шабоб Ал-Аҳлӣ" Дубай.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар минтақаи Ғарб, ки бо иштироки 20 даста дар панҷ гурӯҳ сурат гирифтааст, бо бозиҳои даври охирин – шашум – 1-ум май ба анҷом мерасад.

Сабқати минтақаи Шарқ, ки ҳоло шуруъ нашудааст, низ дар панҷ гурӯҳ баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондодҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 (дар маҷмуъ 16 даста) иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол танҳо ғолиби гуруҳи “В” маълум аст. Бошгоҳи “Шарҷаҳ”-и Имороти Муттаҳидаи Араб, ки бо 11 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо “Трактор”-и Эрон ғолиби гуруҳ шуд ва пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард.

Инчунин дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “А”), “Трактор”-и Эрон (гуруҳи “В”), “Истиқлол”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар (гуруҳи “С”), “Ал-Садд”-и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ (гуруҳи “D”), “Пресеполис”-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Имороти Муттаҳидаи Араб (гуруҳи “Е”) барои ба плей-офф роҳ ёфтан талош доранд.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

3

1

1

9-6

10

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

5

3

1

1

11-7

10

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

5

1

1

3

4-6

4

4

АГМК (Узбекистон)

5

1

1

3

7-12

4

Даври 6-ум

1-уми май (ҷумъа)

“Истиқлол” – АГМК

“Ал-Ҳилол” – “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Шарҷаҳ» (Иморот)

5

3

2

0

9-4

11

2

Трактор (Эрон)

5

1

4

0

4-3

7

3

«Пахтакор» (Узбекистон)

5

0

4

1

5-8

4

4

“Эйр Форс Клаб” (Ироқ)

5

0

2

3

2-5

2

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

«Пахтакор» - “Эйр Форс Клаб”

«Шарҷаҳ» - “Трактор”

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Эрон)

5

2

2

1

13-8

8

2

“Ал-Дуҳайл (Қатар)

5

2

2

1

10-8

8

3

«Ал-Аҳлӣ Саудӣ» (Арабистон)

5

2

2

1

8-7

8

4

“Ал-Шорта” (Ироқ)

5

1

0

4

3-11

3

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Истиқлол» - “Ал-Шорта”

“Ал-Дуҳайл” - «Ал-Аҳлӣ Саудӣ»

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «D»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Садд» (Қатар)

5

3

1

1

8-5

10

2

“Ал-Наср (Арабистони Саудӣ)

5

2

2

1

7-4

8

3

«Фулод Хуҷистон» (Эрон)

5

1

2

2

3-5

5

4

“Ал-Ваҳдат” (Урдун)

5

1

1

3

3-7

4

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

“Ал-Ваҳдат” - «Фулод Хуҷистон»

«Ал-Садд» - «Ал-Наср»

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Персеполис» (Эрон)

5

4

0

1

10-3

12

2

“Ал-Ваҳда (Иморот)

5

3

1

1

5-3

10

3

«Гоа» (Ҳиндустон)

5

0

3

2

2-7

3

4

“Ал-Райян” (Қатар)

5

0

2

3

4-8

2

Даври 6-ум

29-уми апрел (панҷшанбе)

«Персеполис» - “Ал-Райян”

«Гоа» - “Ал-Ваҳда”