Тибқи ҳисоби вазорати кишоварзии Тоҷикистон соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт дар кишвар, беш аз 8 фоиз афзуда, 43 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ба илова дар Тоҷикистон дар ин муддат 655 тонна моҳӣ ва ҳудуди 230 миллион дона тухм истеҳсол шудааст.
Cарфи назар аз афзоиши истеҳсол, нархи гӯшту тухм дар ин давра баръакс боло рафтааст. Ҳоло нархи як кило гӯшти гов дар бозор ба ҳисоби миёна аз 60 то 70 сомонӣ ва як қуттӣ тухми мурғ 35-36 сомонӣ аст. Коршиносон сабаби баланд рафтани нархи тухмро дар воридотӣ будани хӯроки паррандагон марбут медонанд, ки 1 килои он то 9 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳамин тавр, гарон шудани нархи чорво низ ба афзоиши нархи гӯшт таъсир расондааст. Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар моҳҳои дигар имкони истеъмоли маҳсулоти гӯштиро надоранд, кӯшиш мекунанд, дар моҳи Рамазон хӯрокҳои қавӣ ва гӯштӣ истифода кунанд.