Асадулло Исмоилов, имомхатиби яке аз масҷидҳои маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе, се рӯз пеш аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шудааст.
Наздиконаш сабаби боздошти ӯро намедонанд ва мегӯянд, мақомоти амният “ӯро барои суҳбат” даъват кардаанд.
Гуфта мешавад, Асадулло Исмоилов низ дар баробари дигар руҳониён дар маросими ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ширкат доштааст.
Қадруддин Исмоилов яке аз бародарони Исмоилов гуфт, танҳо ҳаминро медонад, ки "барои суҳбат даъват шудааст”, вале мавзуи суҳбатро намедонад.
“Ин давлат аст, ҳукумат аст, умедворам дида мебароянд. Бегуноҳияш исбот шавад, ҷавоб медиҳанд. Ӯ доим ба фоидаи давлату ҳукумат ва халқу ватан сухан мегуфт ва бо гуруҳҳои навбаромади “Салафӣ” сахт муқовимат мекард”, --иброз дошт Қадруддин Исмоилов.
Исмоилов дар бораи бародараш зиёд суҳбат накард ва гуфт, сабаби ба “суҳбат даъват шудани” бародарашаро намедонад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, Асадулло Исмоиловро кормандони мақомот шаби 19-ум ба 20-уми апрел пас аз анҷоми намози “Таровеҳ” аз яке аз масҷидҳои Яккачинори пойтахт дастгир карданд. Субҳи дигар мақомот ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ омада китобҳо ва адабиёти онҷо бударо тафтиш карда, қисме аз онҳоро бо худ бурдаанд.
Ба гуфтаи шогирдони Мулло Асадулло, эҳтимол ӯро барои қирояти як мисраъ шеъри Муҳаммад Иқбол дар маросими ҷанозаи Домуллоҳ Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ боздошт кардаанд. Вақте издиҳом бузург мешаваду одамон якдигарро зер мекунанд, Мулло Асадулло ин мисраи Муҳаммад Иқбоолро мехонад:
Дар ҳайратам аз мароми ин мардуми паст,
Ин тоифаи зиндакушу мурдапараст.
Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва шаш фарзанд дошта, дар деҳаи Тепаи Самарқандӣ зиндагӣ мекардааст. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм карда, яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон будааст. Исмоилов нахуст дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва баъдан имомхатиби яке аз масҷидҳои кучаи Яккачинори Душанбе таъин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шурои уламои Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ хабари боздошти Исмоиловро тасдиқ ё рад накард.
Боздошти Асадулло Исмоилов дар ҳолест, ки рӯзи 22-уми апрел мақомот эълон намуданд, ки Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансурро ҳамроҳи 4 нафар дастгир кардаанд. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт. Мақомот гуфтанд, боздошти ӯ ба ин суханронӣ рабт надорад, балки ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздошти Абдулҳақ Обидов пас аз суханронӣ дар маросими дафни Тоҷикободӣ. Мақомот гуфтанд, "ӯ ба Салафия муттаҳам аст" ВИДЕО