Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL (Professional fight league) -и ИМА, ки шаби 23-юм ба 24-уми апрел дар шаҳри Атлантик-Сити доир мегардад, дар аввалин рақобаташ дар вазни сабук бо Алекс Мартинес аз Парагвай рӯбарӯ мешавад.
Размкори маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов аз соли 2019 дар мусобиқоти PFL иштирок мекунад. Ҳамон сол ӯ ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ ёфт. Дар финал бо Натан Шулте, варзишгари бразилӣ, барои шоҳҷоиза ба маблағи як миллион доллар мубориза бурд. Ҳарду дар панҷ раунди панҷдақиқаӣ бо ҳам рақобат карданд. Бар асоси хулосаи доварон Лоиқ аз рақибаш бо натиҷаи 44:48 шикаст хӯрд.
Соли гузашта ин размкори 30-солаи тоҷик бидуни рақобат монд, зеро PFL ба иллати пандемияи коронавирус мусобиқа баргузор накард.
Агар дар бораи малакаҳои касбии Лоиқ Раҷабов сухан ронем, ӯ як размкори хеле қавӣ мебошад ва дар ҷараёни рақобат бисёр зираку чолок аст.
Зимнан, Лоиқ Раҷабов ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019, ки онро нашрияи "ТурСтат"-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.
Зимни тартиб додани ин феҳрист вазни размкорон сарфи назар шудааст. Ба рӯйхати даҳ размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои ИДМ дар соли 2019 инҳо дохил шуда буданд: Ҳабиб Нурмагомедов, Фёдор Емеляненко, Пётр Ян, Алберт Туменов, Забит Магомедшарипов, Магомед Исмоилов (ҳама аз Русия), Маҳмуд Муродов (Узбекистон), Андрей Орловский (Беларус), Жалгас Жумагулов (Қазоқистон), Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон).
Лоиқ Раҷабов, ки бо тахаллуси "Jaguar Paw” дар мусобиқот ширкат меварзад, то ҳоло аз 16 рақобат дар 13-тоаш ғолиб омада, дар дутоаш шикаст хӯрдааст ва як қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.
Лоиқ Раҷабов (30-сола, Тоҷикистон)
Лақаб: "Jaguar Paw”
Қадаш 1 м 75 см, вазнаш 70 кг
Корнома: 13 ғалаба — 2 бохт -1 мусовӣ
Дар PFL: 2 ғалаба — 2 бохт — 1 мусовӣ
Ҷойи 32-юм дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни сабук
Алекс Мартинеси 26-сола бошад, қаблан ҳеҷ гоҳ дар рақобатҳои PFL ширкат накардааст ва дар мусобиқаҳои дуюмдараҷа омори бенуқсон ҷамъ овардааст. Дуруст аст, ки ӯ дар созмони Brave CF низ ҳунарнамоӣ мекард, аммо сатҳи рақибонаш баҳсбарангез буд.
Охирин муборизаи ӯ моҳи декабри соли гузашта дар мусобиқаи iFF 4 буд, ки дар он дар даври аввал Кристофер Рамиресро мағлуб кард. Алекс 7 пирӯзӣ дошта, ба нокомӣ дучор нашудааст.
Алекс Мартинес (26-сола, Парагвай)
Корнома: 7 ғалаба — 0 бохт
Дар PFL: аввалин бор рақобат хоҳад кард
Ҷойи 137-ум дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни сабук
Ба назари коршиносон, дар ин мубориза Лоик Раҷабов, ки нисбат ба рақиби худ таҷрибаи бештар дорад, ҳамчун ғолиб дониста мешавад. Мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки размкори тоҷик дар аввалин қувваозмоии худ дар ибтидои мусобиқаи имсолаи PFL бояд бидуни мушкилӣ ғолиб ояд.
Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов:
Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни Болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби рақами 77-и Душанбе ба итмом расондааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан мебошад.
Ӯ соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шуруъ намуд. Лоиқ дар Олмон соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи муҳорибаҳои омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва то даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.