ИМА аз маҳдуд будани озодиҳои динии Тоҷикистон нигарон будааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як комиссияи Амрико рӯзи чаҳоршанбе тавсия додааст, ки ҳукумати ин кишвар Тоҷикистонро ҳамчунон дар рӯйхати кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ нигаҳ дорад, чун муносибати он бо диндорон ва аққалиятҳои динӣ чандон тағйир накардааст.