Бозрасони хориҷии "Эсхата" баъди "карантин" ба кор баргаштаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Панҷ меҳмон аз Қазоқистон, ки барои бозрасӣ ё аудити бонки "Эсхата" ба Хуҷанд омада, ногаҳон бемор шуда буданд, пас аз чанд рӯзи "карантин" дубора ба кор баргаштаанд. Хабари гулӯдард ва таб кардани онҳо сокинонро нигарон карда, ҳатто овозаҳои намуд ё штамми нави коронавирусро ба миён оварда буд.