Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, шахсоне, ки иддао доранд, гуё ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз онҳо қарз гирифтаву барнагардондааст, ба 7 нафар расид.
Писари ӯ, Муҳаммадюсуф Холов, рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир маблағи қарзи даъвоӣ 1 миллион рубли русиро ташкил медиҳад. Пайвандони фаъоли муҳоҷирон ба дурустии иддаоҳои онҳо шубҳа доранд.
Баъзе аз даъвогарон ба тафтишот гуфтаанд, гуё Иззат Амон дар солҳои 2014 ва 2015 аз онҳо маблағ дарёфт кардаву то ҳанӯз напардохтааст. Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, афроде, ки даъвои маблағ мекунанд, бо навиштани ариза иктифо кардаанд ва дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ, ки тафтишот таъин мекунад, ҳозир намешаванд.
Муҳаббатхон Баллаев, вакили мудофеи Иззат Амон, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки тафтиши парвандаи зерҳимояаш идома дорад ва масъалаи аслӣ пардохти маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ аст. Вакили мудофеъ афзуд: "Ин маблағ бо рубл аст ва бар асоси моддаи 247, яъне қаллобӣ, дар сурати пардохти маблағ нисбат ба ӯ қонуни афв татбиқ хоҳад шуд."
"Ҷараёни тафтишот мунсифона идома дорад. Дар муддати ду моҳ тафтишот мебинад, ки оё боз афроди дигар ариза хоҳанд навист ё не. Ва масъалаи аслӣ барқарор кардани зарар мебошад ва дар ин қазия вакили мудофеи дигар низ аз ҳуқуқи Иззат Амон ҳимоя мекунад", -- илова кард Баллаев.
Иззат Амон рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд ва пас аз ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Мақомот гуфтанд, ки ӯ бо иттиҳоми "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҷараёни тафтишот ва мунсифона барпо шудани он зери суол аст, чунки аз замони нопадидшавии мармузу дар Душанбе пайдо шудани ин ҳомии ҳуқуқи соҳиби шаҳрвандии Русия ношаффоф гузаштааст.
Боздошти ӯ хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.