Далер Шарифов, хабарнигори мустақил ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, баъд аз тақрибан се моҳи озодӣ аз маҳбас дар бораи ҳукмаш, шароити зиндону мулоқот бо Хӯҷа-командир ва нигоҳи дигар ба кори ҳукумат бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Бовар кунед, аз ин 9 миллион нафар касе нест, ки гӯяд, ватанро дӯст намедорад. Ҳама кишварро дӯст медорад, миллатро дӯст медорад. Баъзе мехоҳанд, вазъи иҷтимоии мардум дигар бошад ва онҳое, ки сари ҳокимиятанд, бояд бо ин канор оянд.Далер Шарифов
Ӯро моҳи январи соли 2020 дастгир ва 16-уми апрел бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ ба як сол зиндон маҳкум карда буданд. Далер Шарифов мегӯяд, аз аввал бо ин иттиҳом розӣ набуд ва ҳанӯз ҳам худро гунаҳкор намешуморад.
"Магар гуфтани камбуд ва ё мушкилҳо ҷиноят аст?"
Радиои Озодӣ: Оё аз пеш медонистед, ки боздошт мешавед?
Далер Шарифов: "Агар бигӯям, ки куллан бохабар ё бехабар будам, нодуруст аст. Соли 2015, баъд аз ҳодисае, ки дар кишвар рух дод, қисме аз мардум ҳиҷрату фирор карданд ва иддае мавқеашонро тағйир доданд. Ҳангоми суҳбат бо дӯстон ин пешниҳодҳо садо медод, ки мо ҳам биравем. Ҳамеша дар зеҳнам ин суол буд, ки мо чӣ кор кардем? Чӣ гуноҳ кардем, ки боздошт шавем? Магар дӯст доштани ватан, эҳтиром ба қонунҳо, гуфтани камбуд ва ё мушкилҳое, ки дар ҷомеа ҳаст, ҷиноят аст? Эҳсос мекардам, ки шояд бо ягон сабаби ночиз ин ҳодиса ба сарам биояд, вале сад дар сад бовар надоштам. Фақат эҳсоси нигаронӣ буд."
Радиои Озодӣ: Вақте айб эълон шуд, медонистед, ки чанд сол ҳукм мегиред?
Далер Шарифов: "Бароям то андозае ғайричашмдошт буд. Дар ҳар сурат, ба ин назар ҳастам, ки набояд дар мавриди ҳодисаҳо ва инсонҳо зуд қазоват кард. Ҳоло дар ҷомеаи мо, қазоват дар мавриди инсонҳо ва доварӣ кардани афкору андешаи мардум хеле содда шудааст. Намедонам, мумкин аст, додрасҳо қонунро беҳтар донанд, вале аз ин метарсам, ки ин ҳама қазоватҳое, ки бар сари мардум мекунем, рӯзе ба худамон бармегардад. Дар масъалаи ҳукм баровардан хеле бояд эҳтиёт кунем. Ин масъалаи хеле нозук аст. Фикр мекунам, қазоват ва доварии нодуруст пайомадҳои нодуруст ҳам дошта бошад."
"Иқтибос аз китобе буд, ки аз назди мадраса харидем"
Радиои Озодӣ: Пас аз дастгир шудани Шумо, бисёре аз рӯзноманигорон гуфтанд, ки Далер Шарифовро барои танқидҳояш ва озодандешӣ боздошту зиндонӣ карданд...
Далер Шарифов: “Модда ё банди қонуне, ки ба он муттаҳам шудам, ишора ба чунин чиз мекунад. Яъне, як инсон андешаашро гуфтааст. Ё чизе навиштааст, ки дар он эҳтимол зиёдаравӣ ё камомад шудааст. Дар ҳар сурат, ба хотири андеша буд, ба хотири афкор буд ва навиштан буд. Ҳоло боз мегӯям, ки вақт беҳтарин қозиву муфаттиш аст ва муайян мекунад, ки то куҷо навиштаҳои мо дуруст буд."
Радиои Озодӣ: Мақомот гуфтанд, ки дар китоби навиштаатон аз манобеи нодуруст иқтибос овардед, рост?
Далер Шарифов: "Бояд ҳаминро гӯям, ки дар китоби худ аз “Тафсири фи-зилоли Қуръон” истифода кардаам. Намедонистам, ки он дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст. Вазорати адлия ва Кумитаи дин ҳангоми тафтишот ҳуҷҷат пешниҳод накарданд, ки ин китоб ҳамчун китоби экстремистӣ эътироф шудааст. Ин китобро аз хориҷа наоварда будам, шахсан ворид накарда будам, ё аз дасти ягон гурӯҳ ё шахсе нагирифта будем. Инро дақиқан аз китобфурӯшии назди мадраса (наздикии масҷиди марказии Душанбе) гирифта будам. Фикр мекардам, вақте он дар фурӯш озод аст, иқтибос овардан мамнуъ нест. Дар он иқтибос таъкид мешавад, ки пархошгарӣ ё, масалан, мусаллаҳ шудан ба арзи як кишвари амн нодуруст аст. Ҳамин иқтибосро овардам."
Дар як ҳуҷра бо Хӯҷа-командир
Радиои Озодӣ: Аз шароити зиндон бигӯед. Ҷадвали рӯз чӣ гуна аст ва як рӯзи одам дар он ҷо чӣ гуна мегузарад?
Далер Шарифов: "Субҳ, соати 6, ба машқи саҳарӣ машғул мешаванд, ҳисобот медиҳанд ва сипас ҷойи хобро ба тартиб оварда, шустушӯ мекунанд. Соати ҳашт, чаҳор ва нӯҳ низ ҳисобот медиҳанд. Хулоса, қариб тамоми вақти Шумо дар гузоришдиҳӣ, тафтиш ва низоми муайянкардаи муассиса мегузарад."
Радиои Озодӣ: Оё бо ҳаёти маҳбас одат кардан мумкин аст?
Далер Шарифов: “Инсон табиати хеле аҷиб дорад. Вақте ба табиату хислаташ мувофиқ нест, чанд муддат ҳам, ки сипарӣ шавад, одат намекунад. Як чиз дар зеҳнат ҳаст, ки ҳамин қадар ҳукм гирифтаӣ ва атрофи ту деворҳову панҷараҳо мустаҳкам аст ва низомиён назорат мекунанду роҳи берун рафтан надорӣ. Ба ин чиз қаноат мекунӣ ва меравӣ паси зиндагии маъмулии зиндон.”
Радиои Озодӣ: Ба иттилои дарёфтии мо гуё бо Хӯҷа-командир дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешудед. Аз чӣ суҳбат мешуд?
Далер Шарифов: “Аз як соле, дар зиндон будам, шояд ҷолиб хотирмон ва аз тарафи дигар ваҳшатноктараш се шабе буд, ки бо Хӯҷа-командир, қумандони собиқи Фронти Халқӣ дар як утоқ нигаҳдорӣ шудам. Хеле чизҳо дар ёдам ҳаст. Сари фурсат мегӯям, ки чӣ буд ва дар бораи чӣ суҳбат шуд."
Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Меъёри хатарнок гуфтан кадом буд?"
Радиои Озодӣ: Чаро дар моҳи сентябри соли гузашта дархости озодии пеш аз муҳлати Шумо рад шуд? Оё дар зиндон чӣ рафтор доштед ва чаро додситонӣ эълон кард, ки ба ҷомеа хатар доред?
Далер Шарифов: “Дар маҳбас ягон рафтори ғайримуқаррарӣ надоштам. Дар 8 моҳ ҳеч вақт одитарин қоида ва низоми зиндонро вайрон накардам. Метавонед аз роҳбарияти зиндон, сардорони даста, бипурсед. Ё агар виҷдон дошта бошанд, бояд бигӯянд, ки рафтори мо дар зиндон чӣ гуна буд. Гап сари он буд, ки роҳбарони даста ба ман хислатномаи хуб медоданд. Мегуфтанд, хислати намунавӣ дорад, дар корҳои муассиса фаъол аст. Намефаҳмам, чаро хулосаи онҳо қабул нашуд. Вале як намояндаи додситонӣ, ки моҳе як ё ду бор меояд, чӣ гуна ташхис дода метавонад, ки ҳамин шахс барои ҷомеа хатарнок аст. Ин масъала то ба ҳол барои худам ҳам норавшан аст. Ҳар гоҳ ба ёдам биояд, хандаам мегирад. Нафаҳмидам, ки меъёрҳои ин санҷиш аз куҷо гирифта шудааст?"
Радиои Озодӣ: Шояд ба он хотир буд, ки ҳар вақт рафта, аз ҳаққи худ талаб мекардед?
Далер Шарифов: "Агар дар ҳар ҷое бошед, аз ҳаққу ҳуқуқи худ талаб карда натавонед, ҳеҷ кас, ҳатто давлат ҳам аз ҳуқуқи Шумо ҳимоя карда наметавонад. Ҳамаи мо дар куҷое ҳастем, бояд худамонро ҳимоя кунем."
"Бадрафторӣ набуд, баръакс, кумак карданд"
Радиои Озодӣ: Ҳолатҳое буд, ки нисбат ба Шумо бадрафторӣ карда бошанд?
Далер Шарифов: “Як чизро мехоҳам ошкоро таъкид кунам, ки аз соати аввали боздошт то рафтан ба муассисаи ислоҳӣ ҳеч гуна бадрафторӣ нисбат ба ман сурат нагирифтааст. Бояд аз бачаҳое, ки дар ин муддат дар муассиса ба ҳар тариқ моро хурсанд карданд, сипосгузор бошам. Яъне, ё ҳарфи хуб заданд, ё дар вақти сармо рӯйпӯшӣ зиёдатӣ доданд ва ё дар рӯзе, ки хӯрок дастрас нашуд, худашон хӯрок доданд. Намехоҳам номашонро гирам, шояд барои ин гап шунаванд. Умед дорам, суҳбати моро мебинанд ва худашон мефаҳманд. Онҳо ҳамчун як шаҳрванд, новобаста ба вазъи сиёсӣ ва новобаста аз он ки супоришро аз куҷо мегиранд, роҳеро ёфта, то андозаи қудрат ба ман ёрӣ карданд.”
"Ҳамчун тоҷик ифтихор мекунам, ки..."
Радиои Озодӣ: Созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқ ва ҳамкасбони зиёд аз Шумо дифоъ карданд, талаби озодиятонро намуданд. Оё ин баёнияҳо ва ин рӯҳия таъсире дошт?
Далер Шарифов: "Ман аз як чиз ифтихор мекунам. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем ва мегӯянд, дигар муҳаббат несту касе ба касе кор надорад, не, ин тавр нест. Ман муҳаббати хелеҳоро дидам, кумаки бисёриҳоро дидам. Дӯстонеро дидам, ки ба мисли кӯҳ дар пушти ману хонаводаам истоданд, то мусибатро оромона ва хунсардона паси сар кунем. Ман ба тамоми созмонҳову шахсиятҳо, ки холисона, содиқона ва ҳатто ошиқона омаданду ин корро карданд, изҳори сипос мекунам ва миннатдорам. Ҳамчун тоҷик ифтихор мекунам, ки мо нисбати якдигар бетафовут нестем.”
Радиои Озодӣ: Нақши вакили мудофеъ дар парвандаи Шумо то куҷо муҳим буд?
Далер Шарифов: “Хуб мешуд, ба ин суол худи вакилон ё ҳомиёни ҳуқуқе, ки аз ман дифоъ карданд, посух диҳанд. Ҳаминро мехоҳам гӯям, ки вакили мудофеъ пуле миёни шумову дӯстон ва хонавода аст. Ӯ ҳадди ақал аз аҳволи Шумо ба волидон ё дигарон хабар медиҳад. Ин ҳам дар он шабу рӯз як хизмати хеле хуб аст, ба назарам. Махсусан, вақте баъзеҳо муҷрим шинохта мешаванд, дигарон фосила мегиранд, то бифаҳманд, асли қазия чӣ аст. Дар ин муҳит ин ҳам як навъ ҷасорат ва хизмат аст, ки вакили дифоъ аз аҳволатон хабар мегирад.”
"Шояд нигоҳ дигар аст, вале душманӣ нест"
Радиои Озодӣ: Оё қабл аз раҳоӣ шарте гузошта шуд, ки берун баромадед, кадом корро кунед ва кадомеро не?
Далер Шарифов: “Шартгузорӣ нашуд, вале суҳбат буд. Бо чанд нафар суҳбат кардем. Ин суҳбатҳоест, ки баъд аз раҳоӣ мешавад. Расмӣ нест, шарти асосӣ ҳам нест, ки баромадед ва агар накардед таҳти пайгарди қонун мемонед. Як чизҳое ҳаст, ки миёни маҳбус ва роҳбарияти зиндон мемонад.”
Радиои Озодӣ: Ва дар охир оё паёме доред?
Далер Шарифов: “Паёми ман ин аст, ки мо ин ватану миллатро дӯст медорем. Бовар кунед, аз ин 9 миллион нафар касе нест, ки гӯяд, ватанро дӯст намедорад. Ҳама кишварро дӯст медорад, миллатро дӯст медорад. Фақат ин ки баъзеҳо мехоҳанд, бо дигар дидгоҳ зиндагӣ кунанд. Фикри дигар дошта бошанд. Баъзе мехоҳанд, вазъи иҷтимоии мардум дигар бошад ва онҳое, ки сари ҳокимиятанд бояд бо ин чиз канор оянд. Вақте миллатсозӣ мегӯем, бояд ҳама ҳузур дошта бошанд, бо ҳар дидгоҳу фикр. Агар мақбул набошад ё барои ҷомеа хатарнок аст, гӯем, ки ин хатарнок аст ва бо роҳи гуфтугӯ ё диалог ҳал кунем. Вале ҳама ватанашро дӯст медорад. Ҳеч кас ба ин миллат ва сарзамин нигоҳи душманӣ надорад, вале нигоҳ ба ҳукумат, иқтисод, ба мансабдорон, ба фард ё гуруҳ нигоҳи дигар аст. Ҳар кас дидгоҳи худашро дорад ва инро набояд ҳамчун душманӣ қабул кунем. Ин фоҷиа аст. Мо бояд дар миллатсозӣ, ташаккули давлатдорӣ бо ҳам бошем. Онҳое ҳам, ки дидгоҳи дигар доранд ба мавзуъ, бояд атрофи худ ҷамъ оварем ва кишварро обод кунем."