Гуфтугӯи ҳаждаҳ сол пеш бо Қиёмиддин Чақалов

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қиёмиддин Чақалов, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷикро рӯзи 14-уми апрел дар оромгоҳи деҳаи Сари Мазори ноҳияи Файзобод ба хок супурданд. Ӯ дар 76-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, Чақалов дарди рӯда дошт, аммо яке аз дӯстонаш бовар дорад, ки "ӯро сактаи дил аз пой афтонд".